Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашт ба саҳна пас аз даҳ сол


Нарзуллои Латиф

Дар мусобиқоти қаҳрамонии шашкаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, сӣ нафар беҳтарин шашкабози манотиқи мухталифи ин кишвар ширкат доранд. Ёқуб Раҳимов - сардовари ин мусобиқот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати шоҳмотбозон миёни мардон, аз ҷумла Ҷонибек Сафаров - қаҳрамони бисёркаратаи шашкаи Тоҷикистон ширкат меварзад. Ҷонибек Сафаров афзуд, пас аз танаффуси даҳсола мусобиқаи шоҳмотбози байни занон гузаронида мешавад. Мусобиқа аз чордаҳ давр иборат буда, даҳуми ноябр ғолибони он муайян мегарданд ва онҳо ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо мекунанд.
Нарзуллои Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG