Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чино ба Тоҷикистон 35 миллиони дигар овард


Дар дидори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва раиси Банки Рушди Осиё Тадао Чино барномаҳои сармоягузории ин ниҳоди молиявии байнулмилалӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Сухангӯи президенти Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Шарифов гуфт, раҳбари тоҷик таваҷҷӯҳи раиси Банки Рушди Осиёро ба барномаҳои стратегӣ, аз ҷумла сохтмон ва тармими шоҳроҳҳои Осиёи Марказӣ ва пулу шоҳроҳҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон ҷалб намудааст. Чино дар навбати худ гуфтааст, Банки Рушди Осиё мехоҳад, як давраи нави ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон оғоз кунад. Аввалин барномаҳои мадади ин банк аз 35 миллион доллари нав иборат хоҳанд буд. Дар солҳоии гузашта Банки Рушди Осиё дар амалӣ кардани 5 тарҳи марбут ба шабакаҳои барқу об, кишоварзӣ, гумрук ва роҳи оҳани Тоҷикистон 100 миллион доллар мадад кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG