Дар шаҳри Ню Йорк маросими муаррифии китоби нави донишманди фаронсавӣ Ҳабиба Фатҳӣ баргузор шуд ва муҳим ин буд, ки асари нави ӯ ба нақши зан дар ислом дар Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.
Китоби "Занони мӯътабар дар Осиёи Марказӣ", ки аз чеҳранигории 76 зани ин минтақа таркиб ёфтааст, баъд аз сафарҳои тӯлонии Ҳабиба Фатҳӣ ба шаҳру рустои кишварҳои ин бахши ҷаҳон эҷод гаштааст. Фатҳӣ мегӯяд, ҳузури занон дар ислом махсусан дар Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбакистон назаррас аст.
Ҳамкори мо дар Ню Йорк Никола Крастев бо муаллифи китоби нав Ҳабиба Фатҳӣ мусоҳиб шуд ва аз ҷумла пурсид, ягон зан дар Осиёи Марказӣ унвони имом ва ё мӯҳтасибро надорад ва дар китоби шумо аз истилоҳҳои "отуной" ва "бибихалифа" ёд мешавад. Инҳо чи вазифаҳои исломиянд?
Ҳабиба Фатҳӣ: "Отуной" ва ё бибиотун дар байни ӯзбакҳо мегӯянд, дар байни тоҷикон "Бибихалифа" ва ё "бихалифа" машҳур аст. Аммо маънии ҳарду як аст. Амалан, ин унвони занони босаводест, ки пеш аз замони шӯравӣ дар байни аҳолӣ мавҷуд буд. Дар байни тоҷикон, эрониён, ӯзбакҳо...Ман хондаам, ки ҳамин гуна занони рӯҳонӣ дар Озарбойҷон ва ҷомеъаи шиъаҳои Ироқ вуҷуд доштааст. Вале онҳо махсусан дар Осиёи Марказӣ фаъолтаранд."
Радиои Озодӣ: Оё ин чунин маъниро дорад, ки занон назар ба дигар қисматҳои ҷаҳони ислом дар Осиёи Марказӣ нақши бузургтари мазҳабӣ доранд?
Ҳабиба Фатҳӣ: "Ин хел гуфтан душвор аст, зеро агар мо ба кишварҳои араби мусулмон нигарем, монанди Марокаш, Алҷазоир, Тунис, занонеро мебинем, ки вазифаи рӯҳониро иҷро мекунанд. Аммо байни онҳо ва бихалифаҳои Осиёи Марказӣ фарқ зиёд аст. Бихалифаҳо на танҳо мушкилоти шариатиро шарҳ медиҳанд, балки ба аъзои хонавода ва кӯдакони маҳалла, чи писар ва чи духтар сабақи динӣ медиҳанд, яъне мактабдор низ ҳастанд."
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, давраи шӯравӣ барои занони Осиёи Марказӣ фоидаи зиёд овард, ки онҳоро дар сатҳи баробар бо мардон қарор дод. Оё ин дуруст аст?
Ҳабиба Фатҳӣ: "Бале. Метавон гуфт, ин дуруст аст. Чанде пеш ман дар Афғонистон будам ва Афғонистон таърихан бо тоҷикону ӯзбакони Осиёи Марказӣ монандиҳои зиёди таърихӣ дорад. Аммо фарқи азиме дар миён аст. Шумо дар Афғонистон занонро намебинед ва ё бинед, ҳам онҳо бурқапӯшанд. Занон дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон хеле шӯравӣ шуданд. Ҳоло онҳо саводи зиёди динӣ надоранд. Онҳо назди отунҳо меоянд, то хатти арабӣ, Қурон ва адабиётро омӯзанд."
Радиои Озодӣ: Дар кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ занон имконияти ҳузури фаъолонатар дар умури мазҳабӣ доранд?
Ҳабиба Фатҳӣ : "Ба фикрам, бештар ва махсусан дар Ӯзбакистон ва Тоҷикистон. Зеро дар ин ҷо бо сабаби боқӣ мондани суннати отунҳо ва бихалифаҳо, ки амалан маънии "занони мулло"-ро доранд, хеле зуд гузашта эҳё мешавад. Чунин афродро мо дар байни қазоқ ва қироғизҳо, ки мардумони кӯчӣ буданд, пайдо карда наметавонем. Ин албатта, таассуроти ман аст ва ман мутмаъин нестам, ки ҳақбаҷонибам ё на."
Радиои Озодӣ: Ба ғайр аз умури динӣ, дар ҳаёти ҳаррӯза бихалифаҳо бо чӣ корҳо машғул мешаванд?
Ҳабиба Фатҳӣ: "Ҳамчун хоҳарони калонӣ ва ё пешкорҳо онҳо ба занон мадад мерасонанд, аз рӯи шариат ва ё таҷрибаи мавҷуда роҳнамоӣ мекунанд. Ҳар зани мусулмон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла онҳое ки намозгузор нестанд, ҳар сари чанд вақт ба дин рӯй меорад, то хонаи худу оилаи худро амн гардонад, то роҳи рӯшан дошта бошад. Ва барои ин вай ба хидмати занони рӯҳонӣ муроҷиат мекунад, то ба қудсият наздик гардад."

Ин артиши камбағалон аст. Дар артиши Британия шоҳзода Гаррӣ дар артиш хидмат карда буд. Кадом писар ё духтари президент ё поёнтараш дар артиш ҳамчун сарбоз хидмат кардааст. Баччаҳои онҳо хидмат нокарда рутбаи генералӣ мегиранд, ё тавба.... Генерал бояд хидмати ҳарбиро аз рутбаи сарбози оддӣ сар кна!!!!
БАЪЗЕХО БА ФИКРАМ АЗ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ДАР ГАЗАБАНД. БАЛЕ ДАР ХОЛЕ, КИ ДАР КИШВАРХОИ АВРУПОЙИ АЗ МАВЧИ ЧОРУМ ГАП МЕЗАНАД, АЛБАТТА, КИ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ИН ГАЛАБА ВА РАХМИ БУЗУРГИ АЛЛОХ БАРОИ ИН МИЛЛАТ АСТ, ШОКИР БУДАН ЛОЗИМ. ДИГАР ИН, КИ БАЪДИ СЕВЕРНИЙ КОРЕЯЮ ТУРКМАНИСТОН НЕЮ, ВОКЕИЯТ АСТ, КИ НЕСТ ШУД. НАБОШАД КАНИ ПАНИКАШ, КАНИ НАВБАТХО ДАР АПТЕКАХО ВА ГАЙРА??? НАХОД, КИ ИН КАДАР ИФЛОС БОШЕМ, КИ ХАМИН ЧИЗА НОДИДА ГИРЕМ, ОХИР ПИНХОН, КИ КАРДА НАМЕШАВАД!!!!
Як чизро бояд донист ки ин ярокхо дигар барои тарсонидани мардум аст армияи Дуне чунон пеш рафтааст ки Хатто сарбоз лозим несть. Вакт ки омад мефахмен. Лекин сабаб дар як чост системаи тоталитаризм бояд аз Байн равад. Вакте рафт хама хуб мешавад
Ин созмон Global Fire Power назар дод дар бораи доштаҳои ҷангии кишварҳо, ва инҳоро ҷойҳои якум дувум дод. Агар мо бо меъёри санҷиши ин назар диҳем ончи ин кишварҳо доран аз (пул, силоҳ, ва масрафи пули ва силоҳи) дар ҷои якум меистад. Амрико,Хитой, Арабистони Саъуди, Русия ҳаст. Аммо дар майдони ҷанги воқеъи шумо бубинед инҳо чи ҷойгоҳе доран. Амрико зидди як гуруҳаки ба номи (Толибон, Алқоида) чандсол шуд меҷангад бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта, натиҷа баъди тақрибан бист сол мехоҳад сулҳ кунад. Арабистони Саъудӣ ба муддати панҷ сол бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта ва пулу ва кумаки лоҷестики дигар кишварҳои ғарби ва Амрико натавонист (Ҳувсиҳои Яманро) пируз шавад. Ин назари оқилон ҳаст бо санадҳои воқеъи майдони ва хабарҳои рост. Тоҷик миллати ҷанговар ҳаст. Касе қабул накунад ин мушкили худаш ҳаст зеро у бо худаш миллатро месанҷад. Тоҷикони родиои озодӣ илтимос барои шуҷоати миллат инро чоп кунед.
Аҷаб бесавод буди дия, уко! О раҳмат ба чиликот намебиед ми, а?? О ҳамон клавиатурая азоб нате!