Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси андоз соҳибкоронро ба гиря овардааст


Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе

Шамсиддин Фақиров - муовини раиси Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Душанбе гуфт, аз 400 нафар соҳибкоре, ки аз ҷониби ин марказ пурсида шуданд, беш аз 60 дар сад баён доштанд, ки сабаби аслии рушд накардани соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон санҷишҳои беасос ва барзиёди мақомоти давлатӣ мебошад. Оқои Фақиров мегӯяд, барои беҳбуд бахшидан ба вазъи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бояд ҳатман дар қонуну қарорҳои роҷеъ ба соҳибкорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шавад: "Натиҷаи пурсиш маълум кард, ки воқеан санҷишҳои барзиёди мақомоти давлатӣ ба рушди соҳибкории хурду миёна дар пойтахт халали ҷиддӣ ворид месозад."

Ҷамшед Сироҷев, соҳибкори тоҷик, ки дар назди бозори Шоҳмансури соҳиби як ошхона аст, гуфт, ошхонаи хурди ӯро камаш дар як рӯз панҷ, ё шаш маротиба полиси андоз, милиса ва боз чандин нафари дигар месанҷанд. Даромади якрӯзаи ӯ ҳамагӣ 10-15 сомониро ташкил мекунад, аммо аҳли оилааш аз 8 нафар иборат буда, дар оила танҳо худи ӯ кор мекунад: "Ба полиси андоз меравед, аз ин утоқ ба он утоқ, аз як ҷо ба ҷои дигар мефиристанд, хаста мешавӣ, вақт меравад беҳтар нест, ки як бор андоз гиранд ва дигар моро азоб надиҳанд."

Сайлӣ ном зане, ки кабудӣ ва нон мефурӯхт мегӯяд, аз тафтишу санҷиши полиси андоз ва таҳқирҳои милиса ба ҷон омадааст. Азбаски рӯзии панҷ нафар кӯдаки бепадармондаашро аз ҳамин ҳисоб пайдо мекунад, илоҷи дигаре надорад. Хонум Сайлӣ афзуд: "Милиса моро бурда дар шӯъба маҳкам мекунад, қариб ҳар рӯз 5-6 сомонӣ талаб мекунад, надиҳӣ намешавад, ба замми ин таҳқиру ҳақорат мекунанд, баъзан сахт алам мекунад, гиря мекунам."

Барои роҳ надодан ба ин ҳама мегӯяд Шамсиддин Фақиров, муовини раиси Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ва барои ҷилавгирӣ аз санҷишҳои беасос ва ноҷои полиси андоз таҷрибаи Қазоқистон бояд дар Тоҷикистон ҷорӣ шавад. Вай мегӯяд, дар Қазоқистон полиси андоз ҳақ надорад, бидуни иҷозаи додситонӣ фаъолияти соҳибкорро бозрасӣ кунад. Ба андешаи иддае аз иқтисоддонҳои дигари тоҷик, барои рушди соҳибкории хусусан хурд ва миёна дар Тоҷикистон бояд шумораи андозҳо коҳиш дода шавад. Феълан аз соҳибкорон 17 навъи андоз ситонида мешавад.
XS
SM
MD
LG