Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон дар талаби майдони васеътари сиёсӣ


Сафаргул Олимӣ аз шаҳри Душанбе

Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукумати Тоҷикистон хостори ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба фармони раиси ҷумҳур Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа шуданд.
Ба андешаи намояндагони ин созмонҳо, на ҳамаи бандҳои ин фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавобгӯи талабот аст.

Бибӣ Саъдуллоева - муовини раиси Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода пешниҳод намуд, банди дуюми ин санад тағйир ёбад, то имкон диҳад, занҳо ба тамоми вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ шаванд. Вай гуфт: "Дар банди 3 ба ҷои мақомоти ҳифзи қонун муборизаро алайҳи онҳое, ки ҳуқуқи занонро помол месозанд, пурзӯр кунанд, ба чои пурзӯр кунанд, ба ҷавобгарӣ кашанд, навишта шавад, ҳамчунин пешниҳод дорам, яке аз муовинони раиси ҷумҳур оид ба сиёсати кадрӣ зан бошад, зеро дар ин масъала беадолатии зиёде ҷой дорад. "

Зурафо Хоҷаева - узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, агарчӣ аз замони ба тасвиб расидани ин фармон чаҳор сол сипарӣ шудааст, аммо "аз ҳисоби занҳо ҳанӯз ҳам ҳамагӣ 5 нафар раисони ноҳияҳо ва як нафар ректор аст. Пешниҳод мекунам, ин фармон дар миёни занҳои деҳот низ баррасӣ шавад." Намояндагони аҳзоб ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ кулли пешниҳодоти худро ҷиҳати баррасӣ ба дастгоҳи раиси ҷумҳур ирсол доштанд.
XS
SM
MD
LG