Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон се санади мубориза бо террорро тасвиб кард


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон се санади пешниҳодкардаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди мубориза бо терроризмро ба тасвиб расонд.
Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки асноди мазкурро муаррифӣ мекард, гуфт, Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мубориза бо терроризм 12 санад омода ва аз кишварҳои узв даъват кардааст, то дар амри қабули онҳо иқдом кунанд. Ба гуфтаи Салоҳиддин Насриддинов, бо тасвиби ин се санад Тоҷикистон дар шумори кишварҳое қарор гирифт, ки ҳамаи ин аснодро қабул ва таъйид кардаанд.
Оқои Насриддинов гуфт, яке аз ин аснод Конвенсия дар бораи нишонагузории маводи таркандаи пластикист, ки аз 15 модда ва як замимаи техникӣ таркиб ёфта ва онро созмони байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ дар Канада дар соли 2001 қабул кардааст.
Оқои Насриддинов роҷеъ ба ҳадафи қабули ин санад гуфт: "Он моддахои пластикие, ки ғайриқонунӣ истеҳсол мешаванд, инчунин аз як кишвар ба кишвари дигар фиристода мешаванд, ин Конвенсиюн дар бораи ҳамин аст. Яъне ба муқобили ҳама гуна истеҳсол ва содироти моддаҳои пластикие, ки нишонагузории махсус надоранд, яъне ғайриқонунианд."
Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд, акнун Тоҷикистон уҳдадор шудааст қонунгузории худро бо ин аснод мутобиқ сохта ва ҷиҳати тарбияти мутахассисон ва роҳандозии бархе аз тадобир дар ин замина маблағҳо дарёфт кунад.
Ба назари Шавкат Исмоилов, раиси кумитаи амният ва дифоъи парлумони Тоҷикистон, узвияти Тоҷикистон ба охирин асноди Шурои Амният роҷеъ ба мубориза бо терроризм эътибор ва нуфузи ин кишварро дар сатҳи байналмилалӣ боло бурда, ва аз суи дигар гувоҳ ба он хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо терроризм шарики ҳамешагии ҷомиаи байналмилалӣ аст.
Оқои Исмоилов афзуд: "Гап дар бораи он меравад, ки ин Конвенсия аз истифода ва истеҳсоли эҳтимолии ҳамин навъи маводи тарканда ҷилавгирӣ мекунад.Он чизҳое ки бар асоси муқаррароти қонун истеҳсол ва тавлиди онҳо номумкин аст, барои мисол, ягон навъи дорувор ва маводи тарканда, ки барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ истифода мешаванд, бар асоси ин конвенсия манъ аст."
Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, бо таъйиди ин аснод - Конвенсияи мубориза бо кирдорҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти киштигардии баҳрӣ ва Конвенсия дар бораи нишонагузории маводи таркандаи пластикӣ - Тоҷикистон муваззаф аст ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлу нақли моддаҳои пластикии тарканда ва тавлиди ғайриқонунии он дар қаламрави худ аз тадобири мушаххас кор бигирад.
Ва аммо дар қаламрави Тоҷикистон танҳо дар як корхонаи мавсум ба "Взривпром", воқеъ дар ноҳияи Исфара дар шимоли кишвар маводи тарканда тавлид мешавад, ки он ҳам барои корҳои мулкӣ истифода мешавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG