Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин форсидони Маскав кист?


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия, барои нахустин бор олимпиадаи забон ва адабиёти форсӣ баргузор гардид. Дар олимпиада ҷойи якумро шогирди донишгоҳи давлатии Астрахан Рафъат Ҳасанов касб кард. Рафъат ва ду нафари дигар, ки ҷойҳои дуввум ва саввумро ба даст оварданд, барои такмили забони форсӣ ба донишгоҳҳои Теҳрон роҳхат дарёфт карданд. Олимпиада дар Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқо дар Маскав баргузор шуд. Дар он беҳтарин шогирдони бахшҳои форсии донишкадаҳои Русия ширкат доштанд. Баргузории олимпиадаро Михаил Мейер, раиси Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқо дар таърихи омӯзиши забони форсӣ дар Русия руйдоди муҳим ва арзишманд хонд. Вай донишҷӯёни эроншиносро идомадиҳандаи муносиботи фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддун байни Эрону Русия номид ва бар рисолати азими насли нав дар тавсиаи равобити ду кишвар таъкид кард.

Меҳдӣ Имонпур, раиси Ройзании фарҳангии Эрон дар Маскав тайи суханони худ, бо арҷманд хондани талошҳои донишҷӯёни Русия дар ростои омӯзиши забон ва адаби форсӣ ёдовар шуд, эроншиносӣ дар Аврупо таърихи беш аз сесадсола дорад, вале ишқу алоқаи аврупоиён ба забони форсӣ ғолибан ба талошҳои донишмандони рус рабт мегирад. Вай Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдӣ ва Мавлоно Ҷалолиддинии Балхиро чор рукн ва ё пояе номид, ки забони форсӣ бар онҳо усутвор аст.
Дар навбати худ ғолиби олимпиада Рафъат Ҳасанов ҳамроҳ бо гиромидошти бузургони адабу ҳикмати форсӣ аз қавли Ҳенри Масс - устоди забони форсии Донишгоҳи Порис иброз дошт, Фирдавсӣ ҳамтои Гомери юнонӣ, балки аз вай болотар аст. Ҳофиз ва Саъдиро метавон бо Ҳётеи олмонӣ қиёс кард ва аммо дар ҷаҳон ҳеҷ аҳаде нест, ки ҳамтову монанди Мавлои Балх бошад.

Гуфта мешавад, ҳарчанд омӯзиши забону адаби форсӣ дар Русия по ба пойи шуарои бузурги Русия Жуковскию Пушкин дар дусад соли пеш оғоз гардид ва Русия пас аз Эрону Британия бузургтарин дорандаи дастхати форсист, аммо дар чанд соли ахир, пас аз пошида шудани шуравӣ, эроншиносӣ дар Русия тавсиаи бештар касб кард. Ба навиштаи рӯзномаи электронии Иран.ру қаблан Русия ба омӯзиши забону адабиёти форсӣ маҳдуд буд, аммо ҳоло дар Донишкадаи кишварҳои Осиё ва Африқо, дар Донишгоҳи давлатии улуми инсонӣ, Академияи дипломатӣ, Академияи зиддиҷосусӣ ва чанди дигар, дар заминаи омӯзонидани ҳашт фанн Русия эроншинос парвариш менамояд ва баргузории олимпиадаи саросарии забон ва адабиёти форсӣ дар Маскав дар ироншносии Русия иқдоми арзишманд ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG