Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саломи нахустини Интернюс Нетуорк ба ҷавонони тоҷик


Се ҷумлаи нахустини аввалин барномаи ҷавонони "Интернюс Нетуорк" ҳамин буд. Мизробиддин Нӯъмонов - продюссери барномаи мазкур гуфт, қарор аст, шурӯъ аз ҳафтаи оянда шабакаҳои телевизионии «Пойтахт» ва «Сомониён» барномаи «Ҷавонон»-и Интернюс Нетуоркро дар Душанбе пахш намоянд. Таҳиягарони барнома дар назар доранд, онро ҳамчунин тавассути шабакаҳои мустақили телевизионии манотиқи дигари Тоҷикистон низ намоиш диҳанд. Ва аммо то имрӯз се нашри ин барнома дар вилояти Суғд пахш шудааст. Ҷаноби Нӯъмонов матолиби нашри чаҳоруми барномаашонро муаррифӣ менамояд: «Проблемаи пахта, ки ҷавононро аз чӣ сабаб пахта мебаранд. Барои чӣ пахта заруртар шудааст нисбат ба хондан. Ин гузориш аз Суғд аст. Хатлон наворе фиристодааст, барои мо доир ба ҳолати беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ. Матлабҳои дигар дар бораи ҳолати театр дар Душанбе ва дар бораи ҷойҳои маданиятии Суғд аст.»

Барномаи ҷавонони Интернюс нахустин барномаи телевизионии вижаи ҷавонон дар Тоҷикистон аст, ки аз ҳаёти ҷавонон, ҳаводису рухдодҳои марбути онҳо ва махсусан мушкилоти мубрами ҷавонони кишвар гузоришҳо омода мекунад. Мизробиддин Нӯъмонов мегӯяд, ҳамаи он афроде, ки сари ин барнома кор мебаранд, ҷавонанд ва онҳо пас аз гузаронидани як силсила давраҳои тадрибӣ ба кор шурӯъ кардаанд. Барномаи Ҷавонон дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе хабарнигорони худро дорад. Тӯли барнома бист дақиқа мебошад ва барои он дар маҷмӯъ беш аз бист нафар кор мекунад. Бар иловаи барномаи ҷавонон, Интернюс Нетуорк боз ду барномаи дигари телевизионӣ низ оид ба ҳаёти иҷтимоии кишвар таҳия мекунад. Вале ахиран пахши ин ду барнома тавассути телевизионҳои мустақил бо иллати он, ки Интернюс муҷаввизи истеҳсоли барномаҳои телевизионӣ надорад, қатъ шуда буд.

Аз Иззатманд Саломов - мудири иҷроияи намояндагии созмони Интернюс Нетуорк дар Тоҷикистон пурсидам, ки оё чунин мушкил сари барномаи ҷавонон низ нахоҳад омад? Ӯ посухи рад дод: «Аввалаш, ки худи низомномаи додани лисензия барои навъҳои фаъолияти гуногун дар ҷумҳурӣ коркард ва нашр нашудааст. Дуввум далели мо он аст, ки мо истеҳсоли худие, ки маҳз Интернюс дошта бошад, тақрибан надорем. Ҳар чизе, ки мо дорем, моли стансияҳои мустақил аст ва аз мо фақат кӯмаки техникӣ аст. Ин ду проблема аст, вале ин масъалаест, ки ба наздикӣ ҳал хоҳад шуд. Гумон намекунам, ки масъала дер идома ёбад. Мо то имрӯз фаъолият доштем, бо вуҷуди ин баҳсҳо муваққатан фаъолияти мо ба муддати як моҳ-ду моҳ қатъ шуда бошад, бо тавассути шартномаҳои муваққатӣ барномаҳои мо паҳн мешаванд ва ният дорем, ки ба наздикӣ ин шакли расмиро бигирад.»

Барномаҳои Интернюс Нетуорк, аз ҷумла барномаи Ҷавонон тариқи шабакаҳои телевизионии мустақил пахш мешавад. Ва аммо иқтидори фаннии ин шабакаҳо нисбатан сусттар аст ва барои мисол тамошои «Пойтахт» ва «Сомониён» дар Душанбе бо душворӣ даст медиҳад. Ва аммо Интернюс Нетуорк дар садади тавсиаи вақти барномаи ҷавонон бо шумули матолиби фараҳангиву фароғатӣ ба он аст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG