Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои варзишии ҷавонон ба фоидаи кӣ тамом шуд?


Нахустин Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ширкати шаш дастаи мунтахаби вилоятҳо , шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва минтақаи Рашт дар пойтахти ин кишвар тули 5 руз идома дошт, ба анҷом расид. Мубориза барои дарёфти ҷойи аввал дар 9 навъи варзиш аслан миёни варзишгарони навраси шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сурат гирифт. Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе дар 8 навъ - варзиши сабук,гуштии миллӣ, дзю-до, самбо, бокс, мини-футбол ва баскетболу волейбол байни писарон соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд дар тенниси руи миз ва баскетболу волейбол миёни духтарон мақоми аввалро касб кардааст.
Мо бо бархе аз ширкаткунандагони Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон ҳамсуҳбат шудем ва аз онҳо хоҳиш кардем, андешаи худро дар бораи бурду бохти ин бозиҳо баён созанд. Зебо Шарипова, узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд аз ширкати худ дар сабқати варзишгарони ҷавони тоҷик изҳори хурсандӣ кард ва гуфт, ба ҷуз аз санҷиши ниру дар сабқати бозии тенниси руи миз у дар душанбе дустони зиёде пайдо кардааст.
Ба андешаи Муяссар Соҳибназаров, гуштигири дастаи вилояти мухтори Бадахшон, ин бозиҳо ба таҳкими дустии ҷавонони тоҷик мусоидат хоҳад намуд. Вай афзуд, хуб мебуд, ки ҷавонони тоҷик бештар ба варзиш шуғл варзида, вазъи саломатии худро беҳтар мекарданд.
Адолат Назарова, бозингари дастаи волейболи вилояти Хатлон мегуяд, барои ширкаткунандагони бозиҳо шароити хуб фароҳам буд. Ва аммо Муяссар Нафасбеков аз шахри Хоруғ аз шароити зисти аъзои дастааш дар меҳмонхонаи "Варзиш",ки тармимталаб аст, изҳори нигаронӣ кард.
Баҳодур Толибов, дарвозабони дастаи футболи вилояти Хатлон бар ин назар аст,ки ба ҷуз аз ширкат дар сабқати варзишӣ барои ширкаткунандагони бозиҳо бояд минбаъд барномаҳои фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шаванд. Ва аммо капитани ин даста Умед Шарипов аз доварон шиква намуд. У мегуяд, довар бояд бетараф бошад ва аз руи адолат доварӣ намояд.
Таваҷҷуҳи ками ҷавонон ба тамошои ин бозиҳо варзишгари бадахшонӣ Муъминбек Равшанбековро нороҳат кардааст. Вай гуфт, сабқати варзиши сабук дар Варзишгоҳи марказӣ сурат гирифт, вале шумораи мухлисон хеле кам буд.
Нахустин Бозиҳои варзишии ҷавонони Тоҷикистон бо ҳама бурду бохташ дигар моле аз таърихи варзиши тоҷик шуд. Баргузории бозиҳои дуввуми ҷавонон дар соли 2006 дар назар аст.
Нарзуллоҳи Латиф,барои барномаи "Ояндасоз" аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG