Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав шиносномаи хориҷӣ гирифтан номумкин аст


Дар ҳоле, ки дар назар аст, ибтидо аз якуми январи соли 2005 сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия танҳо бо доштани паспорти хориҷӣ сурат бигирад, шеваҳои дарёфти шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия муваққат ба сар мебаранд, ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи Зойиршо Саидов, муовини сафири Тоҷикистон дар Русия ин масъала ҳоло таҳти омӯзиш қарор дорад. Вай гуфт: "Ҳоло дар ин масъала ҳамин қадар равшан аст, ки тоҷиконе, ки российское гражданство (шаҳрвандии Русия) ва ё вид на жительство (иҷозаи иқомат) надоранд, бояд баргашта ба Тоҷикистон раванд ва дар ҳамон ҷо паспорт бигиранд. Барои ҳамин ҳоло ягон муқаррароте, ки ҳамин кор чӣ тавр сурат мегирад, маълум нест."

Дар ҳоле, ки муовини сафир осонтарин роҳи дарёфти паспорти хориҷиро барои муҳоҷирон бозпас рафтан ба Тоҷикистон медонад, Шамсидин Бураков, як бинокори муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд: "Дарёфти паспорти хориҷӣ дар ин муддат барои онҳое, ки имкони сафар ба Тоҷикистонро надоранд, ҳам харҷи гарон ва ҳам бохтҳои дигар, аз ҷумла гум кардани ҷойи кор дар пай хоҳад дошт. Онҳое, ки нав аз Тоҷикистон омадаанд, имкони баргашта рафтан надоранд. Хоҳиш мекунем, сафорати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирон барои гирифтани паспорти хориҷӣ кӯмак намояд."

Ҳамзамон имкон дорад, шумораи мадорике, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкони сафар ба Русияро медиҳад, маҳдуд карда шавад. Ин матлабро Дмитрий Рогозин - раиси Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатии Русия тайи сӯҳбат бо оҷонсии "Авасто" иброз доштааст. Вай гуфтааст, масъалаи роҳандозии муқарарроти раводид байни кишварҳои муштаракулманофеъ дар Дума матраҳ аст, вале масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Русия на бо роҳандозии виза, балки бо кам кардани шумораи санад назорат шавад.

Ба гуфтаи вай, феълан дар заминаи тааҳудоти мавҷуд байни ду кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо истифода аз 18 санад, аз ҷумла шаҳодатномаи таваллуд ҳам ворид шуда метавонанд. Дар ҳошияи санадсозиҳои мақомоти Русияву Тоҷикистон ахиран дар Маскав теъдоди қобили таваҷҷӯҳи муҳоҷирони тоҷик ба ҷурми надоштани сабти иқомат боздошт шудаанд. Бино ба омори созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» феълан танҳо дар панҷ зиндони мувақатии шаҳри Маскав 194 нафар бо шумули панҷ зан дар интизори депортатсия ба сар мебаранд. Ба эътиқоди муҳофизони ҳуқуқ агар масъалаи дарёфти паспорти хориҷӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳалли худро наёбад, пас аз се моҳи дигар шиддат ба сари оворагон боз ҳам бештар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG