Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусиқии нав дар Тоҷикистон


Ин мусиқӣ ва ин консерт на танҳо барои тоҷикистониён, ҳатто ба назари фаронсавиён низ ғайриоддӣ ва аҷиб будааст. Амалхонум Гаҷиева - раҳбари маркази фарҳангии «Бохтар», мубтакири доир намудани консерти мусиқии импровизейшн дар Душанбе: «Ин хеле аҷиб аст, чун дар Тоҷикистон аввалин бор чунин консерт намоиш дода мешавад. Ҳатто барои мо низ ин ғариб аст.»

Дар баргузории консерт ба Томас Шарметан донишҷӯёни консерваторияи миллии Тоҷикистон мадад расониданд. Барномаи консерт аз се намоиш иборат буд. Ба назари ҳозирин, аниқтараш ба гӯши онҳо намоиши нахуст, ки масҳи садоӣ ва ё massage sonore ном дошт, аҷибтар аз ҳама намуд. Ҳунармандон консертро аз он шурӯъ намуданд, ки ҳар гуна сангчаву гӯгирду меху дигару дигар майда-чуйдаро ба даст гирифта, дар назди гӯши ҳар нафар онҳоро ба ҳам соиш медоданд ва бо ин роҳ ҳисси дарки мусиқӣ ва шунавоии садоҳои аҷибро дар шунавандагон тақвият мебахшиданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ на танҳо он садоҳоро шунид, балки боз сабт низ намуд. Ва баъд Томас ҳунари худ дар навохтани виолончелоро нишон дод. Намоиши аслии барнома консерти якҷоя бо шогирдони консерваторияи миллии Тоҷикистон зери роҳбарии Томас Шарметан буд.

Ин барномаро Томас як ҳафта боз дар Тоҷикистон омода намудааст. Ва барномаҳои ба мисли инро Томас дар Амрикои Шимолӣ ва кишварҳои Аврупо низ ба намоиш гузоштааст. Томас Шарметан дар Париж фаъолият мекунад. Дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, дар ҷавонӣ мусиқии классик ва ҷазз омӯхтааст. Ва акнун ба мусиқии электроакустикӣ рӯ овардааст. Бар иловаи ин, Томас бастакор будааст ва ҳам дар радиои Фаронса "Radio France" барномаи махсусе оид ба мусиқии навтарин таҳия мекардааст. Дар бораи мусиқии ба истилоҳ навтарин мегӯяд, импровизатсия дар зиндагии ҳаррӯзаи ҳар нафар ҳаст, вале ба он бояд мутаваҷҷеҳ шуд. Томас мегӯяд: «Ҳатто бардоштани коса, таом хӯрдан, роҳравии шумо импровизатсия аст. Азбаски ин мусиқӣ дар Тоҷикистон то ҳол як чизи номаълум аст, ман ин ҷо омадам, то мусиқии навтаринро нишон бидиҳам.»

Томас мегӯяд, дар Фаронса филмҳои тоҷикӣ тамошо карда будааст ва ҳам мусиқии классикии тоҷикӣ гӯш мекардааст. Аз ӯ пурсидам, ки чӣ филме дидааст ва чӣ мусиқиву оҳангҳои киро гӯш кардааст?
«Мутаассифона, барои як фаронсавӣ дар хотир нигоҳ доштани ҳама номҳои тоҷикӣ душвор аст. Ман дар як моҳ ҳудуди панҷоҳ диск гӯш мекунам ва дар ёд доштани исмҳои онҳо бароям имконнопазир аст.» Томас Шарметан чандин сол боз бо орзуи ба Тоҷикистон омадан мезистааст ва имрӯз аз ҷомаи амал пӯшидани ин орзуяш хеле хушнуд аст: «Ман аз дидани кишвари шумо хеле шодам, чун ин ҷо омадам ва маданияти тоҷиконро бидидам, рости гап, ман хеле муттаҳайир ва шок шудам. Хислату урфу одату маданияти шумо хеле олист. Тоҷикон хеле мардуми зебо ва меҳрубону меҳмоннавоз будаанд.»

Ба Томас аз таомҳои тоҷикӣ бештар аз ҳама палав писанд омадааст. Тӯли як ҳафта Томас чанд калимаи тоҷикиро низ ёд гирифтааст: «Ой, Зебо...Духтари зебо...Раҳмат...Хуш омадед...» Томас боз як ҳафтаи дигар дар Тоҷикистон меистад.
XS
SM
MD
LG