Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки навбатии Ҷопон ба Тоҷикистон -- 65 миллион доллар


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Ҳукумати Ҷопон қасд дорад, ҷиҳати ҷилавгирӣ ва рафъи хисороти ношӣ аз офоти табиӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 65 миллион доллар кӯмак кунад. Бад-ин манзур як ҳайъат аз ниҳодҳои зирабти ин кишвар вориди Тоҷикистон шуда ва бо масъулини вазорати умури изтирорӣ мулоқотҳо анҷом додааст.
Сироҷиддин Муллоев - сухангӯи вазорати изтирории Тоҷикистон гуфт, гурӯҳи мазкур бо роҳандозӣ ва татбиқи чанд барномаи мушаххас тасмим дорад, ин маблағро дар зарфи соли минбаъда дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор диҳад. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир ҳайъати мазкур як ҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ аз вазорати изтирорӣ, аз навоҳӣ ва мавозеъи нисбатан офатхези Хатлон дидан мекунад.

Сироҷиддин Муллоев афзуд: "Мақсади гурӯҳи корӣ - ҳамкорӣ кардан, расонидани кӯмак ба вазорати ҳолоти фавқулодда дар бартараф кардани хатарҳо дар Тоҷикистон аст. Гурӯҳи кории Ҷопон дар ибтидо ба минтақа аз наздик шинос шуда, дар таҳияи роҳҳои бартараф кардани хафви обхезӣ ба Тоҷикистон лоиҳаҳои худро пешниҳод мекунад ва дар оянда бояд, ки ҳамкориҳо тавсиа ёбад."
Ба гуфтаи оқои Муллоев, ҳайъати ҷопонӣ тарзу усули муқовиматро ба ҳангоми вуқӯи балоҳои табиии ба мисли фаромадани ярч, сел, обхезӣ, фурӯравии замин ва ё заминларза ва ҳамчунин садсозӣ ба ҳангоми обхезӣ дар рӯдхонаҳо, ба таври оҷил кӯч додани аҳолӣ ба ҷои бехафв ба вақти вуқӯи офоти табииро ба кормандони вазорати изтирорӣ тайи ду ҳафта муддати омӯзиш дода ва ҳамчунин дар назар дорад, бо истифода аз маблағи пешбинишуда як идда аз кормандони ин вазоратро ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ба Ҷопон барад.

Сухангӯи вазорати изтирории Тоҷикистон гуфт, Ҷопон ҳамасола аз вуқӯи офоти табиӣ дар манотиқи мухталифи қаламраваш хисороти зиёде мебинад, вале бо ин вуҷуд ки ин кишвар дар қисмати балохези замин воқеъ аст, ба ҳайси яке аз кишварҳои умдаи кӯмакрасон дар самти офатҳои табиӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳамасола беш аз панҷоҳ дар сади офатҳои табиии дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рухдода дар ҳудуди Тоҷикистон сурат мегирад, ки бар асари он ин кишвар солона сад миллион доллар хисоротро мутаҳаммил мешавад.
XS
SM
MD
LG