Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи Довуди Панҷшерӣ аз соҳибкорони тоҷик


Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи "Азия Плюс", чопи Душанбе аз мизони ба гуфтаи вай, ниҳоят пасти ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон изҳори таассуф кардааст. Оқои Панҷшерӣ гуфтааст, тоҷирони тоҷик барои вуруд ба бозори Афғонистон чандон шитоб намекунанд ва чунин коҳилии маҳфилҳои тиҷоратии Тоҷикистон метавонад, дар ниҳоят боиси аз дасти онҳо рафтани бозори Афғонистон шавад, зеро дар ин муддат ин бозорро тоҷирон аз кишварҳои дигар аз худ хоҳанд кард.

Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ тиҷорати марзӣ дар байни ду кишварро ҳамин гуна заъиф хонда, гуфтааст, то ҳол байни Тоҷикистону Афғонистон ягон корхонаи муштарак таъсис наёфтааст. Дар ҳамин ҳол марзбонони Русия дар Тоҷикистон аз кашфи беш аз 16 кило дар минтақаи Шӯроободи марз бо Афғонистон хабар додаанд. Дафтари матбуоти марзбонони рус мегӯяд, се қочоқбар дар пайи ошкор шудани кӯшиши марзшикании онҳо ин миқдор маводи мухаддирро партофта, дубора ба сӯи Афғонистон фирор кардаанд. Тибқи иттилоъи хабаргузории "ИТАР-ТАСС", аз аввали соли ҷорӣ ҷузву томҳои Гурӯҳи марзбонии Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 3 тонна маводи мухаддир гирифтаанд, ки 1650 килои он ҳероин будааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG