Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хори чашми мақомоти Осиёи Марказӣ


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Фазои иттилоотӣ ва ҳузури васоити ахбори умум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои ахир тадриҷан маҳдуд мешавад. Дар ин хусус Миклош Харастӣ - намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии расонаҳои хабарӣ 23 сентябр дар шашумин конфронси "Матбуот дар Осиёи Марказӣ" дар Душанбе эълом дошт. Ба гуфтаи вай, озодии расонаҳои хабарӣ дар ин минтақа бештар дар заминаи бандҳои марбути тӯҳмат, таҳқир, паст задани шаъну шарафи мақомот ва оид ба сирри давлатии қавонини ин кишварҳо маҳдуд мешавад, ки дар марҳалаи кунунӣ ислоҳи ин асноди ҳуқуқӣ зарур аст.

Дар ҳамин ҳол Ив Барген - сафир ва роҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз мушкилоти пешомада дар роҳи чопи нашрияҳои мустақили "Нерӯи Сухан", "Рӯзи Нав", "Оламу Одам" ва ҳамчунин ду нашрияҳои аҳзоби мухолифи ҳукумат нашрияи "Наҷот" ва "Адолат" изҳори нигаронӣ карда, баста шудани чопхонаи "Ҷиёнхон"- ро кори ғайриоқилона арзёбӣ кард. Оқои Барген гуфт, Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бояд ҳамаи ӯҳдадорӣ ва мукаллафиятҳои худро дар назди ин созмон риоят ва иҷро кунад. Аммо Кароматулло Олимов - мушовири давлатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури равобит бо ҷомеа ва рушди иҷтимоӣ яке аз иштирокдорони ин нишаст гуфт, баста шудани чопхонаи "Ҷиёнхон" ва аз нашр бозмондани панҷ нашрияи ғайриҳукуматӣ ҳеҷ гуна ангезаи сиёсӣ надошта, ин кор тавассути ниҳоди масъул ва бо далоил анҷом гирифтааст: "Аз он корҳое, ки ҷанбаи моливу иқтисодӣ дорад, хулосаҳои сиёсӣ баровардан даркор нест."

Дар ҳоле, ки Кароматулло Олимов ангезаи сиёсӣ надоштани қатъи фаъолияти Ҷиёнхон ва ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаҳои мустақилро кори ҳукумат намеҳисобад, Мухтор Боқизода - раиси Бунёди гиромидошти рӯзноманигорон ва сардабири "Нерӯи Сухан" яке аз панҷ нашрияи аз чоп маҳрумшуда гуфт, вай мутмаин аст, ҷилавгирӣ аз нашри рӯзномаҳои мустақил бо дастури ҳукумат ва бо ҳадафи муайян сурат гирифтааст: "Вақте ки мо мегӯем, қазияи боздоштан ва ё рӯи чоп наомадани ҳафтаномаҳо ин характери сиёсӣ надорад, сад дар сад хатои маҳз аст." Конфронси шашуми "Матбуот дар Осиёи Марказӣ" дар Душанбе, ки бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва бо ширкати сад нафар аз ходимони расонаҳои хабарии ин кишварҳо баргузор шуд, рӯзи 24 сентябр низ ҷараён хоҳад дошт.

--> Гузориши муфассал аз нишаст
XS
SM
MD
LG