Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалқаи нави "Ҳизб-ут-Таҳрир" ошкор шуд


Бино ба иттилои раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе кормандони вазорати амният дар якҷоягӣ бо кормандони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо анҷоми як амалиёти муштарак дар ин ноҳия 5 нафарро бо гумони узвият дар созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт намуданд. Аммо дар раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе аз шарҳи ҷузъиёти ин хабар худдорӣ карданд. Гулсара Шодиева, истиқоматкунандаи кӯчаи Қарабоеви пойтахт ва шоҳиди айнии боздошти 5 нафар гумонбаршуда ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳузури ӯ ва чаҳор ҳамсояи дигараш як гурӯҳи кормандони мақомоти интизомии кишвар он 5 нафарро боздошт карда, аз манзили онҳо теъдоди зиёди адабиёти таблиғотии мутаалиқ ба Ҳизби таҳрирро мусодира намудаанд.

Гулсара Шодиева лаҳзаи боздошти ин афродро чунин нақл мекунад: «Маро як коргари КГБ (вазорати амният) ба ошёнаи нуҳӯми манзиламон даъват намуд, ки як масъала ҳаст. Вақте ки ман вориди хона шудам, 5 нафар бо дасти баста ва дар сарашон халтаи сиёҳ меистоданд. Аввал тарсидам, баъд дидам, ки се ҳамсояи дигарамон ҳам шишта буданд. Пурсидам ки чӣ воқеа аст, кормандони интизомӣ гуфтанд, ки инҳо аъзои Ҳизби таҳриранд ва Қуръонро тағйир дода, мехоҳанд, як низоми солҳои пешинро ба сари мардум оранд. Бисёрзанӣ ва фаранҷипӯширо ҷорӣ кардан мехоҳанд.»

Гулсара Шодиева мегӯяд, ҳангоми пурсиши кормандони амният ниҳоят яке аз боздоштшудаҳо ҳамкориии худро бо Ҳизби таҳрир пинҳон надошт ва дар сандуқи хонаи ӯ варақаҳо ва китобҳои мутаалиқ ба он ҳизб ёфт шуд: «Яке аз онҳо қоил шуд, вақте ки сандуқи хонаашро боз намуданд, китобу варақаҳое, ки гоҳ-гоҳ дар пушти дари хонаҳо ёфт мешуд, пайдо шуданд. Китобҳо низ ба забони узбакӣ зиёд буд. Гуфтанд, ки инҳо аъзои Ҳизби таҳриранд ва дар шоҳидии мо онҳоро ба боздоштгоҳи пешакӣ бурданд.» Тибқи иттиллоъи вазорати умури дохила ва мақомоти дигари интизомии кишвар, дар 8 моҳи соли равон беш аз 50 тан ба гумони узвият дар "Ҳизб-у-Таҳрир" боздошт шудааст. Ва баъзе аз онҳо бо мӯҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG