Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абрҳои тираи осмони Ҳизби Демократ


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Мавқуф гузоридани замони баргузории анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистонро коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсии кишвар бештар ба фаъолиятҳои шахсӣ ва шахсияти лидери он Муҳаммадрузӣ Искандаров ва новобаста аз дидори тӯлонии вай бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов шомили Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолифи давлат барои интихоботи шаффофу демократӣ шудани ин ҳизб рабт медиҳанд.

Ҳизби демократии Тоҷикистон мӯҳлати баргузории ҳаштумин анҷумани худро, ки қарор буд, рӯзи 25-уми сентябр равон доир шавад, то се моҳи дигар ба таъвиқ андохтааст. Раҳматулло Валиев - дабири масъули ҳизб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи ахири раёсати ҳизб, ки дар як рӯзи пеш доир шуд, тасмими тағйири мӯҳлати баргузории анҷуман гирифта шуд. Вай афзуд, бо аксари кулли орои узви раёсати иборат аз 29 нафарии ҳизб қарор шуд, даъвати Анҷумани ҳаштуми ҲДТ аз 25 сентябр ба 18 декабри соли равон гузаронида шавад.

Дабири масъули Ҳизби демократи Тоҷикистон сабаби ба таъвиқ андохтани анҷумани ҳизбашро чунин тавзеҳ кард: "Сабабҳои гузаронидани анҷуман ба дигар рӯз он аст, ки дар анҷуман раиси ҲДТ Муҳаммадрузӣ Искандаров, ки дар Маскав бо корҳои шахсӣ банд ҳастанд иштирок карда наметавонанд. Ва дуюм баъди сентябр бо баъди се моҳи он мо маҷбур мешавем, ки барои тасдиқи рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ боз анҷуман доир кунем."
Бо ҳамин далоил ва бо сарфаи ҳам вақт ва ҳам маблағ афзуд оқои Валиев, раёсат замони даъвати ду анҷуман, анҷумани навбатӣ ва анҷумани қабл аз интихоботии ҳизбро, ки рӯихати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси Намояндагон омода ва номи онҳоро мушаххас ва муайян мекунад, ба чанд вақти баъд мавқуф гузошт.
Дабири масъули ҲДТ сару садоҳоро роҷеъ ба ин ки иллати аслии ба таъвиқ андохтани мӯҳлати баргузории анҷумани ҳизб ба набуди лидери он Муҳаммадрузӣ Искандаров иртибот дорад, рад накард. Оқои Валиев гуфт, Муҳаммадрузӣ Искандаров дар Русия бар изофаи масруфиятҳои шахсӣ ҳамчунин бо доираҳои сиёсии ин кишвар дидору гуфтугуҳо анҷом медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки додситонии кулли кишвар дар ҳафтаи гузашта шаш тан аз мансабдорони корхонаи давлатии "Тоҷикгаз" дар замони раҳбарии Муҳаммадрузӣ Искандаровро барои талаву тороҷи таҷҳизот ва сирқати маблағи корхона айбдор эълон карда буд. Ба гуфтаи як манбаъ аз мақомоти бозрасӣ, яке аз ин афроди айбдор аз пайвандони хонаводаи оқои Искандаров буда ва дар асноди бозҷӯӣ алайҳи раиси худ маълумотеро дар ихтиёри муфаттишон гузоштааст. Намояндаи мақомоти тафтишот гуфт, боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани раиси пешини корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз", ки раёсати Ҳизби демократро ба ӯҳда дорад, дар остонаи маъракаҳои қабл аз интихоботи парламентӣ дар кишвар ба таври дигар тафсир шуда ва тобиши сиёсӣ касб мекунад. Вале Раҳматулло Валиев гуфт, ки то ҳоли ҳозир мақомоти кишвар ва бахусус мақомоти тафтишот роҷеъ ба ҳадафи сафари Искандаров ба хориҷ аз кишвар ва ё замони бозгашти вай ба ватан бо масъулини ҳизб сӯҳбате доир накардаанд.

Мавқуф гузоридани замони баргузории анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистонро коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсии кишвар бештар ба фаъолиятҳои шахсӣ ва шахсияти лидери он Муҳаммадрузӣ Искандаров ва новобаста аз дидори тӯлонии вай бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов шомили Эътилофи аҳзоби сиёсии мухолифи давлат барои интихоботи шаффофу демократӣ шудани ин ҳизб рабт медиҳанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки ҳукумати кишвар аз зуҳури Эътилофи аҳзоби мухолифи ҳукумат дар ҳаёти сиёсии кишвар ва даъвои баргузории як интихоботи озод нигарон шудааст. Ба ақидаи оқои Ҳаким тадобири ба мисли эҷоди шикофи маснӯи дар миёни Ҳизби сотсиалист, пахши изҳорот аз номи собиқ раиси бахши вилоятии ҳизб дар вилояти мухтори Бадахшон бо ҳадафи ҷудоиандозӣ дар дохили ҷонибдорони ҳизб, бидуни далоили кофӣ аз сабти номи ҳизби Султон Қувват сарпечии вазорати адлия, бастани чопхона ва аз нашр боздоштани рӯзномаҳои озод ва ба ҳамин тартиб таҳти фишори равонӣ қарор додани раиси Ҳизби демократ гувоҳӣ аз оғози муборизаҳои интихоботии ҳукумат алайҳи ин аҳзоб медиҳад.

Вай мегӯяд: "Заминаи ҳамаи ин чиз фаъол шудани лидери демократҳои Тоҷикистон ва бештар хислати оппозитсионӣ ва оштинопазир гирифтани ин ҳизб дар мавриди ҳукумати феълӣ аст. Ва албатта инҷо низ бештар сиёсат вуҷуд дорад. Чӣ хеле, ки қаблан дар сӯҳбатҳои Муҳаммадрузӣ аз рӯи натиҷаи мулоқоти ҳафтсоатаи вай бо президенти Тоҷикистон дошт ва инчунин мулоқоти вай дар додситонӣ дар робита бо фаъолияти баъзе сохторҳои "Тоҷикгаз" аз он шаҳодат медоданд, ки ҳам аз ҷониби президенти Тоҷикистон ин изҳор шуд ва ҳам аз ҷониби додситонии кулл гуфта шуда буд, ки дар давраи фаъолияти "Тоҷикгаз" таҳти роҳбарияти Муҳаммадрузӣ Искандаров ягон камбудӣ, ё эрод вуҷуд надорад."

Аммо Сайфулло Сафаров - муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ақидаи Шокирҷон Ҳакимов мувофиқ нест. Вай мегӯяд, мушкилоти дохилии дар миёни аҳзоби сиёсӣ, сабти ном накардани кадом созмон ва ё ҳизбе аз сӯи идораи зирабти ҳукуматӣ ва ё даъвати додситонӣ ҷиҳати бозҷӯии ин ва ё он нафарони масъули вазифа, аз ҷумла масоили дохили давлатист: "Ҳукумат дар муқобили аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳеҷ ангезаи нодурусте надорад. Ҳукумати Тоҷикистон бисёр хуб мефаҳмад, ки аҳзоби сиёсӣ инҳо мувофиқи Қонуни асосии кишваранд ва онҳо дар доираи он амал мекунанд. Солҳои пеш мо медонем, ки аз ҳама ҳизби таъқибшаванда Ҳизби наҳзати исломӣ буд, вай бе ягон проблем фаъолият мекунад, ҳаракат мекунад. Аз ин сабаб ҳамаи беҳунарии худамонро ба гардани ҳукумат партофтанамон ин кори хуб нест ва ман тарафдори ин гуна гапҳо нестам. Инҳо бофтаҳои чанд нафари манфиатҷӯ ҳастанд, ки ба ҳамин гуна бофтаҳо манфиатдоранд."

Ва аммо Раҳматулло Валиев дабири масъули Ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, ҳизбаш дар ҳайъати Эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шаффофу озод барномаҳои қабл аз интихоботии худро мавриди баррасӣ қарор додааст. Вай гуфт, дар нишасти навбатии руасои аҳзоби шомили эътилофи мазкур, ки дар он Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ҲДТ низ иштирок мекунад, имконоти дар манотиқи ҷудогонаи кишвар ҳамоҳанг кардани мавқеъҳо роҷеъ ба номзадҳои воҳид аз эътилофи аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон мавзӯи асосӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG