Раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Бадахшон Балхиёр Замиров аз вазифааи барканор шуд. Чунин тасмими ширкаткунандагони конфронси дуюми ғайринавбатии ташкилоти Ҳизби сотсиал-демократ дар қиболи ғайриқаноатбахш ташкил кардани кори ҳизбӣ дар вилоят ва ба рафтори ғайри ойинномаи ҳизбӣ роҳ додан аз ҷониби раҳбари ташкилот гирифта шудааст.
Балхиёр Замиров оид ба эътилофи ҳизбӣ ва Қонуни интихоботи Тоҷикистон дар расонаҳои хабарӣ нуқтаи назари мухолиф ба қарори Анҷумани ғайринавбатии шашуми Ҳизби сотсиал-демократро баён дошт ва бештари аъзои ҳизб ин амали раиси бахшро созишкорӣ бо ҳукумат арзёбӣ карданд.
Ба гуфтаи раиси маркази таҳлилии ҳизб, Алӣ Шерзамонов дар Бадахшон ҳолате ба вуҷуд омадааст, ки ҳукумат мехоҳад, бо ҳар гуна усул ба сари аъзои ҳизбҳои мухолиф фишор оварад, аммо агар ин кор барояш муяссар нашавад, бо пешниҳоди мансаб ба аъзои аҳзоб онҳоро ба ҷониби худ кашонад.
Дар конфронси ғайринавбатии идораи бадахшонии Ҳизби сотсиал-демократ масоили ширкати он дар интихоботи оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси нави бахши бадахшонии ҳизби мазкур номзади илми ҷомеашиносӣ Ғарибшо Ғарибшоев интихоб гардид.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол аз Хоруғ