Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Ян Кубиш аз матбуоти Тоҷикистон


Ян Кубиш - Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин созмон ва авзои Афғонистон дар остонаи баргузории интихоботи умумӣ дар он кишварро баррасӣ кардаанд.
Як Кубиш баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов гуфт: "Мо дар бораи барномаи ислоҳот ва таҳкими равобит дар чаҳорчӯби Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сӯҳбат кардем. Мо таъкид кардем, ки бояд ин созмон ҳифз ва тақвият шавад. Мо дар маҷмӯъ масъалаи вобаста ба рушди иқтисодӣ, масоили зистмуҳитӣ ва албатта масъалаи амнияти минтақаро баррасӣ кардем."
Аз оқои Кубиш пурсида шуд, ки вазъи озодии баён ва матбуотро вобаста ба маҳдуд шудани имкони нашри рӯзномаҳои мустақил дар чанд ҳафтаи охир дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунад.
Вай гуфт: "Ман ҳоло мехоҳам, назари худамро бигӯям ва ниҳодҳои марбут ба ин масъала дар САҲА амал мекунад, ки иттиллоъи бештаре доранд ва дар ин бора изҳори назар хоҳанд кард. Вале аз он замоне, ки ман ин ҷо будам, то имрӯз таҳаввули ҷиддие ба назар мерасад. Акнун рӯзномаҳое ин ҷо нашр мешавад, ки он замон ҳатто касе тасаввури нашри чунин рӯзномаҳоеро дар Тоҷикистон намекард. Вале кор, ки оғоз шуд, мушкилот низ оғоз мешавад. Баъзан ин мушкилот ба кор марбут мешавад. Феълан тавре раиси ҷумҳур барои ман ташреҳ кард, мушкилоте, ки бо нашрияҳо пеш омадааст, ба фаъолияти кории компаниҳо ва нақзи Қонуни молиёт марбут аст.
Аммо ман ин маълумотро гирифтам ва аз коршиносони умури матбуот дархост мекунам, ки хулосаи худро дар ин бора пешниҳод кунанд."

Дабири кулли САҲА ҳамчунин гуфт, ки зимни ин мулоқот дар бораи барчидани минаҳо аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва саҳми созмони мазкур дар иҷрои ин барнома низ сӯҳбат шудааст: "Масъалаи барчидани минаҳо дар шароити феълӣ яке аз авлавиятҳои кори САҲА мебошад. Ман зимни мулоқот гуфтам, ки мо чунин барномаи мушаххасе дорем ва бисёр кишварҳо барои иҷрои ин барнома кӯмаки молӣ мекунанд. Ва САҲА бо истифода аз имконоти молии худ барои иҷрои ин барнома, аз ҷумла барчидани минҳо аз марзи Тоҷикистон бо Узбакистон буҷаеро ихтисос медиҳад."
Ян Кубиш, ки аз Кобул вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, рӯзи душанбе инчунин бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ мулоқот анҷом дод.
Ян Кубиш дар гузашта дар замони иҷрои созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифини мусаллаҳаш ба унвони раҳбари Ҳайъати Нозирони Созмони Милали Муттаҳид ва фиристодаи хоси дабири кулли ин созмон дар Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG