Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳони тифли суханро дар гаҳвора бастанд


Ҳафтаи чорум аст, ки се нашрияи мустақили «Рӯзи Нав», «Нерӯи Сухан», «Одаму Олам» ва органи нашаротии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон «Наҷот» чоп намешавад. Акнун масъулини ҳафтаномаи «Адолат» нашрияи ҲДТ низ мегӯянд, ки дар нашри ин ҳафтанома низ мушкилоте пеш омада ва ин ҳафта ба дасти хонандагони худ нахоҳад расид. Ба дунболи баста шудани чопхонаи хусусии «Ҷиёнхон» ба далели нақзи Қонуни молиёт, ки макони чопи аксари ин нашрияҳо буд, матбааҳои дигари Душанбе ба гуфтаи масъулини ҳафтаномаҳо аз нашри рӯзномаҳои мустақил худдорӣ кардаанд.
Мираҳмади Амиршоҳ - сардабири нашрияи «Одаму Олам» мегӯяд вақте чопхонаҳо дархости нашри онҳоро ин ҳафта низ рад карданд, далеле пеш наоварданд: "Ба кадом чопхонае, ки муроҷиат мекунем, аз чопи ҳафтанома сар мепечанд. Сабабашро касе намегӯяд."
Ба гуфтаи оқои Амиршоҳ, ин дар ҳолест, ки додситонӣ ва вазорати дохила дафтари нашрия ва фаъолияти кории онҳо мавриди бозрасӣ қарор дода ва чизе мухолифи қонунгузориро муайян накардаанд. Чопхонаҳои аслӣ дар Тоҷикистон то кунун моли давлат аст ва мақомоти давлат хусусан вазорати фарҳанг, ки чандин чопхона дорад, талош мекунанд аз шарҳи ин вазъ худро канор бигиранд.
Аммо ба ҳар сурат Кароматулло Мирзоев - сардори идораи иттилооти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, давлат дар ин қазия мудохила надорад ва ба гуфтаи ӯ, мухолифи рӯзномаҳои озод нест.
Ӯ иддаои бархе аз ашхос ва хусусан сардабиронро дар бораи он ки гӯё нашр нашудани ҳафтаномаҳо ангезаи сиёсӣ дорад, рад мекунад: "Рӯзи Нав" ҳастанд, "Нерӯи Сухан", "Наҷот", "Сафина" ҳастанд, инҳо гуноҳе надоранд. Онҳо, ки хоҳанд, ҳар куҷо чоп мекунанд, ихтиёр ба онҳост. Ин ҷо ягон гуна масъалаи сиёсӣ, масъалаи бастани рӯзномаҳо нест."
Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд ва рӯзномафурӯшиҳои Душанбе нашрияҳои тозаи ҳафтаи равонро ба фурӯш гузоштаанд, дар миёни онҳо як рӯзномаи бо сурати нашри компютерӣ бо номи «Бомдод» тавзеъ мешавад, ки дар саҳифаи аввали он омадааст, ҳатто шумораи аввали «Бомдод»-ро матбааҳои Душанбе нашр накарданд. Толиб Саидов бунёдгузор ва Давлати Шоэътибор сардабири «Бомдод» нахустин матлаби шумораи аввали худро аз ин шурӯъ кардаанд, ки матбааҳо аз нашри рӯзномаи онҳо худдорӣ карда, ва онҳо маҷбур шудаанд, нашри компютерии рӯзномаро тавзеъ кунанд.
Толиб Саидов бунёдгузори ин рӯзнома мегӯяд: "Чун омадем, чопхонаҳои "Ҷиёнхон" ва "Қодирӣ" зери тафтиши мақомоти интизомии ҳукумат қарор доранд, аз ин хотир тасмим гирифтем онро дар нашриёти "Шарқи Озод", ки дар тобеияти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба чоп расонем. Вале мутаасифона раҳбарияти "Шарқи Озод" ба муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии мо ҷавоби рад дода, даҳони тифли суханро, ки ҳанӯз чӣ гуфтанаш маълум набуд, дар гаҳвора бастанд."
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG