Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико: Мавсими интихоботҳо сар шудааст


Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, чоп нашудани нашрияҳои мустақил ва кофтуков дар дафтари ҳизби номнависнашудаи "Тараққиёт" сабаби ташвишҳои байнулмилалӣ шудаанд.
Ричард Ҳоугленд афзуд, Тоҷикистон солҳои охир симои мусбат ва обрӯи неки байнулмилалӣ ба даст овард. Аз ин рӯ, сафорати кишварҳои хориҷӣ, ба ҷумлаи ИМА, садо баланд кардаанд, ки чунин аъмол метавонанд, ба ин симо халал ворид кунанд. Сафир гуфт, Тоҷикистон ба мавсими интихоботҳо ворид шудааст ва пеш аз ҳама бояд риояи меъёрҳои байнулмилалии ин маъракаҳоро дар назар гирад.
Ҳоугленд аз имкони дахолати сохторҳои давлат ба натиҷаҳои интихобот изҳори ташвиш кард, аммо ба саволи ин ки чунин мудохила оё метавонад, ба инқилоби садбаргии назири Гурҷистон сабаб гардад, посухи рад дод. Вай гуфт, вазъият дар ин ҷо ба куллӣ фарқ мекунад. Бо вуҷуди рӯйдодҳои ахир вай изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон метавонад интихоботи одилона, озод ва шаффоф баргузор намояд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG