Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Васеътар шудани рахна дар Ҳизби Сотсиалист


Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд Як гурӯҳи ҳаштнафарӣ аз аъзои Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд, ки бештари онҳо нафарони наздик ба мақомоти Суғд буда, худро «гурӯҳи ташаббускор» меномад, бо даъвати конфронси ғайринавбатӣ дар маркази вилояти Суғд сарвари бахши вилоятии ин ҳизб - Моҳинисо Ҳорисоваро аз садорат барканор ва ба ҷои ӯ Маъруф Юсуфов, раиси бахши хуҷандиро баргузидаанд. Конфронси мазкур бо иштироки танҳо 30 узви ҳизби мазкур, бидуни ҳузури сарвари пешини сотсиалистҳои Суғд, бе даъвати хабарнигорон ва ба гуфтаи коршиносони умури сиёсии минтақа «пинҳон аз назари дигарон» сурат гирифтааст.

Коршиносони Суғд дар умури сиёсӣ ва намояндагони аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон дар ин минтақа баргузории конфронси ғайринавбатии бахши ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва барканор шудани Моҳинисо Ҳорисова аз вазифаи сарварии бахшро як қадами нав дар эҷоди рахна дар сафҳои ҳизби мазкур ва ҷудоиандозӣ миёни аъзову гуруҳҳо он мешуморанд.
Хонум Ҳорисова даъвати конфронси ғайринавбатиро мухолиф ба ойинномаи Ҳизби Сотсиалистӣ ва оғози марҳилаи порасозии ин ҳизб дар минтақаи шимоли Тоҷикистон хонда, аз ширкат дар конфронс даст кашидааст. Аммо ҳарчанд аз баргузории конфронс дар шаҳри Хуҷанд рӯзи панҷум сипарӣ мешавад, ӯ доир ба ин қазия вокуниши расмие нишон надодааст. Моҳинисо Ҳорисова ба ҳайси сарвари Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯзе баъд аз анҷоми конфронс ҷиҳати баргузории семинари омӯзишӣ ба минтақаи Зарафшон сафар кардааст ва натавонистем бо вай тамос бигирем.
Вале Маъруф Юсуфов - сарвари тозаинтихоби сотсиалистҳои Суғд, корманди идораи ҳифзи иҷтимоии вилоят субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 25 август ба Радиои Озодӣ гуфт, мӯҷиби аслии даъвати конфаронс ихтилофоти назарҳо миёни гурӯҳи ба сарварӣ расидаи ин ҳизб дар маркази устони Суғд ва сарвари пешини бахши вилоятии ҳизби сотсиалист ва тарафдорони ӯ будааст. Вай аз замони таъсиси ин ҳизб аз соли 1996, вазифаи сарварии сотсиалистони шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дорад. Номбурда худро ба гурӯҳи мухолифони Моҳинисо Ҳорисова - сарвари пешини бахши Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар мансуб медонад.
Ӯ гуфт, гурӯҳи вай ақидадори ба мақоми сарварии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гузоштани Абдулҳамид Ғаффоров аст, вале Моҳинисо Ҳорисова бо ҷонибдоронаш мухолифи ин ақида буда, ҳусни назар ба сӯи Мирҳусейн Назриев доранд ва дар раёсати ҳизби мазкур бардавом монондани ӯст.
Лидери нави сотсиалистҳои Суғд афзуд: «Рости гап, ки Моҳинисо Ҳорисова барои дохил шудан ба Эътилофи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз номи сотсиалистони вилояти Суғд розигии худро доданд, аз ин аъзои раёсат, яъне – мо бехабар будем. Ақаллан ин масъаларо бо аъзои раёсат дида мебаромаданд. Мо бояд бо кӣ ҳамкорӣ кунем дар оянда? Ин масъала умуман дида шуда набуд. Боз як бори дигар мегӯям, ки мо овози аксариятро мегирем. Мо ҳоло ҳам на тарафдори Ғаффоров ҳастему на тарафдори Назриев. Бигзор аъзои ҳизби мо як шаванд, як лидери нағз пайдо шаваду кор барад».
Аммо бо ин ҳама ба гуфтаи Маъруф Юсуфов, дигар аз масъалаҳои аслие, ки дар конфронси ғайринавбатии бахши ҳизби сотсиалист дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор ёфтааст, ҳамовозӣ ба қарорҳои анҷумани сотсиалистҳо дар санаи 20 июн будааст.
Анҷумане, ки лидери майдонталаби ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва тарафдорони ӯро аз ҷумлаи аъзои ин ҳизб ба курсиҳои сарварӣ овард ва ин амал ба мухолифати шадиди ҷонибдорони раҳбари пешин дучор омад.
Аммо дар ҳоле, ки «гурӯҳи ташаббускор» - и сотсиалистони суғдии ба маснади сарварӣ расида, ба ҳукми аксар соҳибвазифа ва нафарони наздик ба мақомоти Суғд ҳастанд, оё онҳо дар остонаи интихоботи парлумонӣ бо дархости мақомот ҳизби худро аз ҳалқаи Эътилофи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон берун нахоханд кашид?
Оқои Юсуфов дар посухи ин саволи Радиои Озодӣ гуфт, раҳбарияти нави бахши ҳизби сотсиалистӣ дар вилояти Суғд масъалаи будани ҳизб дар Эътилофи сиёсии ҳизбҳои сиёсиро бо баргузории як конфронс бо ширкати намояндаҳои тамоми аъзои ҳизби мазкур мавриди бозбинӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG