Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба зиндон шудани додраси тоҷик


Ҷаъфар Аминҷонов - қозии додгоҳи вилояти Суғд бо наздики 20 сол собиқаи корӣ аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо ҷурми ришвахорӣ ба мӯҳлати 7 сол маҳкум ба зиндон шуд. Коллегияи Додгоҳи Олии кишвар як моҳи ахир дар додгоҳи шаҳри Чкаловск ба баррасии ин қазия машғул буд.
Аббос Фақиров - қозии Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 19-уми август гуфт, Додгоҳи Олӣ ҳамчунин ба мусодираи амволи Ҷаъфар Аминҷонов - қозии пешини додгоҳи Суғд ва роҳ надодани ӯ барои ишғоли мансаб дар мақомоти судии Тоҷикистон ба муддати 4 сол ҳукм содир кардааст.
Ӯ афзуд: "Аминҷонов Ҷаъфар бо роҳи тамаъҷӯӣ дар рӯзи 21 сентябри соли 2003 ба воситаи Махсумов Муҳаммадӣ аз Бегназаров ва Махкамов 2 ҳазор доллари амрикоӣ пора гирифтааст. Барои он гирифтааст, ки нисбати ҳамин одамон дар мурофиаи судӣ нишондоди бардурӯғ дода, бо сохтакори парвандаи ҷиноӣ оғоз накунад. Баъди ин талаб кардааст, ки Бегназаров 3 ҳазор доллари дигар ёфта диҳад. Бегназаров, ки ин пулҳоро надоштааст, ин маблағро қарз гирифта, ба прокуратураи вилояти Суғд арз кардааст. Кормандони прокуратура Аминҷоновро дар утоқи кориаш бо пули ришват даст гирифтаанд."
Вале худи Ҷаъфар Аминҷонов ҳукми Додгоҳи Олиро ғайриодилона ва мавриди муҷозот қарор ёфтани худро натиҷаи таъқибу иғвоангезии бархе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Суғд хонд. Вай баъди анҷоми мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Чкалов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Он провакатсияи (иғвои) охирине, ки нисбати ман шуд, ягон далел набуд, факат нишондоди шоҳидонро ба назар гирифта, манро суд карданд".
Маҳкумшуда афзуд, барои сафед кардани худ то охир бо роҳи қонунӣ мубориза хоҳад кард ва агар ба озодӣ дастёб шуд, Тоҷикистонро барои ҳамешагӣ тарк хоҳад гуфт.
Ва аммо ишораи Ҷаъфар Аминҷонов - судяи собиқи додгоҳи Суғд дар бораи иғвоангезиҳои гурӯҳе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят алайҳи ӯ ишора ба он буд, ки ба думболи боздошти худи ӯ боз писари 27-солааш - Анушервон Аминҷонов, корманди умури дохилаи Суғд низ ибтидои соли 2003 бо иттиҳоми нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ ва тир дар манзили зист ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Аммо бино ба иттилоъи додситонии Суғд, ин иттиҳомот дар ҷараёни тӯлонии тафтишоти собит нашудааст ва ҷурмнома алайҳи фарзанди Ҷаъфар Аминҷонов қатъ карда хоҳад шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG