Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахна дар Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон


Раиси бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, Балхиёр Замиров, дар як нишасти расмӣ изҳор дошт, ки аъзои ин ҳизб дар Бадахшон ба Эътилофи ҳизбҳои сиёсӣ пайваст нахоҳанд шуд. Баъзе аз аъзои садорат аз имзо гузоштан ба ин изҳорот худдорӣ карданд, бинобар ин гуфт Балхиёр Замиров, изҳорот аз номи раиси ҳизб дар расонаҳои хабарии вилоят нашр шуд.
Балхиёр Замиров мегӯяд, ки ба ҷуз гаравпулӣ дигар кулли бандҳои Қонун доир ба интихобот ба баргузории интихоботи озоду шаффоф мусоидат мекунад. "Мо ба нерӯи худ боварӣ дорем ва ба ягон эътилоф ниёз надорем".- гуфт Балхиёр Замиров ва афзуд: "Дар изҳороти шӯъбаи бадахшонии Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳамчун раиси ҳизб изҳорот додам, ки дар интихоботи дар пеш истода ҳамчун қувваи алоҳида дохил мешавем ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботро умуман тарафдорӣ мекунем, вале қисман бо баъзе масъалаҳояш розӣ нестем."
Оё раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон дар Бадахшон қабл аз пахши изҳорот бо раёсати марказии ҳизб ва ё раиси он Раҳматулло Зойиров сӯҳбате дошт, ё не ва чӣ вокунишеро аз марказ интизор аст? Замиров гуфт, ки ин изҳорот бидуни маслиҳат бо раёсати марказӣ қабул шудааст.
Балхиёр Замиров ҳанӯз замоне раиси ҳизб дар вилоят интихоб шуд, ки бекор буд, аммо ҳоло мудири шӯъбаи сохтмони ҳукумати вилоят мебошад. Дар робита ба изҳороти Балхиёр Замиров раҳбарони минтақавии аҳзоби дигар хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, аммо раҳбарони мақомоти давлатӣ ин изҳоротро бо хушҳолӣ истқбол намуданд.
Файзи Мирҳасан аз шаҳри Хоруғ

Мақомоти марказии Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон изҳороти раиси созмони вилоятии ин ҳизб дар вилояти мухтори Бадахшонро, ки узвияти сотсиал-демократхоро дар Эътилофи аҳзоби сиёсии "Барои интихоботи шаффоф ва демократӣ" таҳти суол бурдааст, беасос ва ғайривоқеӣ арзёбӣ карданд.
Раҳматуло Зойиров - раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, изҳороти раиси созмони вилоятии ҳизб аз мавқеи шахси ӯ бармеояд ва он мухолиф ба мавқеи расмии ҳизби онҳо мебошад: "Не, вай ҳуқуқ надорад, барои ин ҳел чизҳо. Ин масъаларо шӯрои сиёсӣ ҳал мекунад. Ин масъала дар анҷуман ҳам эътироф ва қабул гардидааст. Барои ҳамин ҳеҷ як ташкилоти поёнӣ ин хел баромад карданро ҳуқуқ надорад. Фикр мекунам ки ин ақидаи шахсии Балхиёр Замиров бояд бошад."
Оқои Зоиров гуфт, дар анҷумани ахири Ҳизби Сотсиал-Демократ, ки дар як моҳи пеш баргузор гардид, ҳамаи 7 вакил аз вилояти Бадахшон узвиятро дар Эъьтилофи аҳзоби сиёсӣ ҷонибдорӣ кардааст.
Ва аммо ба ақидаи намояндагони Эътилофи аҳзоби сиёсии кишвар "Барои интихоботи шаффофу демократӣ" талошҳои эҷоди мавонеъ дар роҳи фаъолияти ин эътилоф ва бурузи шикоф миёни аҳзоби шомили ин эътилофро интизор доштаанд.
Ҳикматулло Сайфуллозода - узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон яке аз чаҳор ҳизби шомили эътилоф бо ишора ба ҷудоии миёни Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон гуфт, дар арафаи интихоботхои қарибулвуқӯъ ҳизби ҳукмрон ва мақомот аз ҳамаи имконоте, ки доранд, ҷиҳати коҳиши нуфузи аҳзоби сиёсии мухолифи давлат истифода хоҳанд кард: "Гумон мекунам, ки як гуна таъсири мақомоти ҳукумат дар маҳал бахусус Бадахшон эҳтимол дар тасмимгирии шахсии раиси созмони вилоятии бахусус Балхиёр Замиров таъсири мақомоти вилоятии ҳукумат бошад."
Дар ҳамин ҳол Амнияти Абдулназар - муовини раиси Ҳизби Сотсиал- Демократи Тоҷикистон гуфт, бо аъзои садорати Ҳизби Сотсиал-Демократ дар вилояти Бадахшон тамоси телефонӣ доштааст ва онҳо мухолифати худро ба изҳороти Балхиёр Замиров баён доштаанд. Оқои Абдулназар гуфт, рӯзҳои наздик конфронси Ҳизби Сотсиал- Демократ дар вилояти мухтори Бадахшон доир ва яке аз масоили рӯзномаи он идомаи фаъолияти Балхиёр Замиров дар вазифаи раиси ин ҳизб дар ин вилоят мебошад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG