Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалқаи бӯҳрон гӯлӯи Ҳизби Сотсиалистиро тангтар мефишорад


Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ки кадоме аз ду ҷиноҳи Ҳизби Сотсиалистӣ қонунӣ ва кадоме ғайриқонунӣ аст. Сумангул Давлатова - сардори раёсати сабти номи аҳзоб ва иттиҳодияҳои ҷамъияти вазорати адлияи кишвар рӯзи сешанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ойиномаи ҳизб ба номи Мирҳусайн Назриев аст, вале кадоме қонунист, ҳанӯз чизе гуфта намешавад. Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир вазорат ин масъаларо меомӯзад ва то замоне, ки ду ҷиноҳ мушкили дохили ҳизбро ҳал нанамоянд, вазорат аз шарҳи ин, ё он масъала худдорӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ҷиноҳи Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров бо пахши як баёния анҷумани баргузорнамудаи ин ҳизб таҳти сарварии Мирҳусайн Назриевро ғайриқонунӣ ва хилофи ойинномаи ҳизб донист. Абдуҳалим Ғаффоров роҷеъ ба ин масъала гуфт: "Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби Сотсиалистӣ, ки блоки Мирҳусейн Назриев карда буд, бо вайрон кардани ойинномаи ҳизби мазкур ба вуҷуд омад. Вазорати адлияти Тоҷикистон дар таърихи сеюми август ба онҳо огоҳӣ дода буд, ки гузаронидани анҷумани онҳо ғайриқонунӣ аст. "
Аммо Мирҳусайн Назриев мегӯяд, анҷумани ҳизб 14 август баргузор гардид, вале огоҳномаи вазорати адлия бо имзои вазир Халифабобо Ҳомидов 10 рӯз қабл то анҷуман дар нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият" интишор шуд.
Оқои Назриев меафзояд, бо назардошти ҳамин огоҳномаи вазорати адлия, ки дар он гуфта мешуд, агар дар зарфи даҳ рӯзи оянда Ҳизби Сотсиалистӣ анҷумани худро баргузор накунад, хилофи ойинномаи худ амал мекунад, съезди ғайринавбатй сурат дода шуд.
Аммо дар хусуси ин ки ин анҷуман то куҷо қонунӣ сурат гирифтааст, оқои Назриев гуфт, ин баҳоро вазорати адлия бояд бидиҳад: "Ду анҷуманро мушоҳида кардем, албатта салоҳият, ҷиҳатҳои ҳуқуқии онро танҳо органҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазорати адлияи Тоҷикистон муайян мекунад."
Бо ин ҳол Раҳматулло Валиев - сардори ситоди Ҳизби Демократии Тоҷикистон мегӯяд, агар вазорати адлия анҷумани ин ҳизбро қонунӣ нашуморад, пас сотсиалистҳо ҳаққи расмии мубориза дар интихоботро аз даст медиҳанд. Оқои Валиев мегӯяд, эҷоди шикоф дар ин ҳизб бо дастури ҳукумат ва бо дасти мушовири президент Қурбон Восиев, ки ҳомии Абдуҳалим Ғаффоров - раиси ҷиноҳи дигари ин ҳизб аст, сурат мегирад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG