Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ медиҳад


Як ҳайъати департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати баррасии дурнамои барномаҳои кӯмак ба Тоҷикистон вориди Душанбе пойтахти ин кишвар шудааст. Игор Сатторов - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон зимни эълони ин хабар гуфт: "Ин ҳайъат таҳти роҳбарии муовини барномаи кӯмаки башардӯстона ба кишварҳои Осиё ва Аврупо Ҷон Пост ба Тоҷикистон омада ва қарор аст бо мақомоти марбутаи ин кишвар масоили марбут ба барномаҳои кӯмакӣ ба бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон ва наҳваи расонидани ин кӯмакҳо дар ояндаро баррасӣ кунад."
Ба гуфтаи оқои Сатторов, қарор аст ҳайъати амрикоӣ бо Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдоштии Тоҷикистон мулоқот кунад. Дар ин мулоқот масъалаи кӯмак ба бахши беҳдоштии Тоҷикистон, мушкилоти бахши беҳдоштӣ, самтҳои ҳамкорӣ дар ин замина ва ташхиси ниёзҳои аввалия ва расонидани кӯмакҳои башардустонаи Иёлоти Муттаҳида ба ин бахш матраҳ ва баррасӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба омори нашршуда, ахиран теъдоди бемориҳои сироятӣ назири сил, домана, сиёҳзахм ва ВИЧ СПИД дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст. Ва пизишкон мегӯянд барои ташхиси саривақти ин маризиҳо ва ҷилавгирӣ аз онон ба васоили техникии муосири тиббӣ шадидан ниёз доранд. Ба гуфтаи мақомоти вазорати беҳдоштии Тоҷикистон, қабл аз ин ҳам бахши беҳдоштии ин кишвар аз Иёлоти Муттаҳида таҷҳизот ва маводи доруӣ ба унвони кӯмаки бебозгашт дарёфт кардааст. Ҳамчунин дар заминаи Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон як маркази муштарак дар заминаи ташхиси маводи доруии аслӣ аз қалбакӣ ва муаррифии анвои ин доруҳо ба мардум фаъолият мекунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG