Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди президент Раҳмонов аз додрасҳо


Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар муддати фаъолияти панҷсола 23 додрасро бино бар бемасъулиятӣ дар фаъолияти корӣ аз вазифа озод кардааст. Ин нуктаро раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон баён доштааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, баъзе додгоҳҳо дар вилоятову навоҳии кишвар ҳангоми баррасии парвандаҳо ҳукмҳои ноодилона содир кардаанд. Мушовири Шӯрои Адлияи Тоҷикистон Абдуманнон Додоев гуфт, дар ин ҷаласа, ки намояндагони додгоҳҳо, вазорати адлия, ниҳодҳои интизомӣ ширкат доштанд, гуфта шуд, додгоҳҳо ҳангоми расидагӣ ба парвандаҳо танҳо ба қонуни ҷории кишвар такя кунанд ва зери фишори кадом ҷонибе раванд: "Нисбати 84 нафар судя бо қарори коллегияи тахассусии судяҳои Шӯрои Адлия онҳо ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд. Инчунин дар ин давра қайд карда шуд, ки дар ин давра се нафар додрас, аз ин ду нафар барои гирифтани пора ва як нафар барои дидаву дониста баровардани қарори ғайриқонунӣ аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон маҳкум карда шуданд."
Аммо мутахассисини масоили ҳуқуқ мегӯянд, дар аксари ҳолат додрасҳо дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор мегиранд ва ҳангоми судури ҳукм мустақил нестанд.
Раиси Маркази маърифати ҳуқуқӣ Абдураҳмон Ватанов мегӯяд, ин бештар аз камдонишии додрасҳо сарчашма мегирад: "Дониши судяҳо на он қадар баланд аст, барои он ки 14 сол боз мо маркази омӯзиши судяҳо надоштем. Ҳам таҷрибаи кории судяҳо 70 фоизаш нав шудагӣ барои ҳамин мушкилиҳо ҳаст."
Дар ҳамин ҳол як вакили мудофеъи тоҷик Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, таҷрибаҳо нишон медиҳад, дар чанд соли ахир додрасҳои бесалоҳият ба додгоҳҳо ворид шудаанд ва бесалоҳиятии онҳо боиси ғайримунсифона сурат гирифтани баррассии парвандаҳо шудааст: "Дар сохтори судӣ судяҳое аллакай роҳ ёфтаанд, ки тасодуфӣ ҳастанд ва бинобар тасодуфӣ ва бесалоҳият будани онҳо ҳамингуна ҳукмҳо, ҳамингуна ҳалномаҳо бароварда мешаванд."
Бино ба иттилоъи Шӯрои Адлияи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар чорсаду чил ҳолат додситонҳо нисбат ба ҳукми додгоҳҳои кишвар эътироз кардаанд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG