Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Назаров дубора раиси АКН таъйин шуд


Дируз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо судури як фармон генерал Ғаффор Мирзоевро аз мақоми раёсати ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддир (АКН) барканор сохта, раҳбари пешини ин идора генерал Рустам Назаровро дубора раиси ожонсии мазкур таъйин кард.
Рустам Назаров, ки аз замони таъсиси ин ожонсӣ дар соли 2002 раҳбарии онро дар ӯҳда дошт, моҳи январи соли ҷорӣ симмати раёсати ожонсии мубориза бо маводи мухаддирро ба Ғаффор Мирзоев таслим карда буд .
Як манбаъи ожонсии русии "Интерфакс" дар ҳамин ҳол гуфтааст, мақомоти интизомӣ Абдурасул ва Ҷаббор ду бародари Ғаффор Мирзоевро низ бо ҷурми доштани силоҳи ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.
Ва ҳам дируз додситонии кулли Тоҷикистон бо гузашти се руз аз замони боздошти Ғаффор Мирзоев дастури ҳабси уро содир намуд. Дар вокуниш ба хабари боздошт ва ҳабси Ғаффор Мирзоев, Амирқул Азимов, котиби Шурои Амнияти Тоҷикистон ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, боздошти Ғаффор Мирзоев натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳифзи тартиботи кишвар буд ва ин амал ба вазъи сиёсиву ҷиноӣ дар Тоҷикистон таъсири суъе нахоҳад гузошт.
Оқои Азимов ҳабс шудани Ғаффор Мирзоевро пайоманди ногузири амалкардҳои ғайриқонунии ӯ номид ва гуфт, тадриҷан ҳама касоне, ки аз ҳудуди қонун берун пой ниҳодаанд, ҳатман ба додгоҳ кашонида шуда ва ба сазои худ хоҳанд расид.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG