Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инъикоси боздошти Ғаффор Мирзоев дар расонаҳои Тоҷикистон


Телевизиони давлатии Тоҷикистон ба думболи боздошти генерал Ғаффор Мирзоев - раиси Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ин кишвар гузориши фаврие дар ин маврид пахш намуд, ки дар он аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангии мутталиқ ба Ғаффор Мирзоев, ба монанди автомати Калашников, теъдоди зиёди таппонча, минаҳо, як мушакандози "Стингер" намоиш ва аъмоли генерали тоҷик шарҳ дода мешуд. Ҳамчунин дар ин гузориши Телевизиони Тоҷикистон доир ба як чархболи мутталиқи Ғаффор Мирзоев маълумот дода шуд, ки ба гуфтаи мақомоти додситонӣ ба як воҳиде дар Афғонистон иҷора дода шудааст.
Аммо дар ин гузориш гуфта нашуд, ки генерал Ғаффор Мирзоев кай ин муҳимоти ҷангиро ҷамъ овардааст ва чӣ гуна тавонистааст, ин ҳамаро дар таҳхонаи Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир интиқол бидиҳад.Барои нахустин бор аст, ки бо боздошт ва барканории фармондеҳони бонуфузи ҳукуматӣ, чун Ёқуб Салимов, Саидшо Шамолов, Қурбон Чолов, дар телевизиони давлатии Тоҷикистон як чунин гузориш роҷеъ ба фармондеҳи аршади собиқ Фронти Халқӣ нашр мешавад.
Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ - рӯзноманигори собиқадори тоҷик инъикоси оҷили қазияи боздошти генерал Ғаффор Мирзоевро таввасути телевизиони давлатии Тоҷикистон ба маврид мешуморад: "Ин кори осон нест. Ҳам ҷасорати президент Раҳмоновро нишон медиҳад ва ҳам кӯшишҳои ӯро нишон медиҳад, ки воқеан аз ин зумра одамон бояд раҳо ёбад. Нуфузи ҳукуматро боло мебарад ва дар оянда роҳҳоро барои татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамвор мекунад."
Майкл Ҳол - раҳбари намояндагии Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ низ мегӯяд, саъйи ҳукумати Тоҷикистон маҳз ба хотири аз сафи худ берун кардани фармондеҳоне аст, ки барояшон мушкил эҷод мекунанд: "Фикр мекунам, ки ин давоми ҷараёни аз ҳукумат дур кардани ҳамон фармондеҳони собиқ аст. "
Ғаффор Мирзоев рӯзи ҷумъа дар пойтахти Тоҷикистон боздошт шуд ва ҳанӯз додситонии кишвар иттиҳомоти ӯро расман эълон накардааст.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG