Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ - дар садади баргузории як назархоҳии дохилиҳизбӣ


Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон(ҲНИТ) асомии сад нафар аз шахсиятҳои шинохтаи худро ба аъзои ин ҳизб муаррифӣ кардааст, то онҳо битавонанд аз ин миён 22 нафарро ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон баргузинанд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангуи раиси ҲНИТ гуфт, ба манзури муайян кардани эътибор ва нуфузи сиёсии афроди маъруфи ҳизб феҳристе таҳия ва ба созмонҳои маҳаллӣ ва марказии ҳизб фиристода шудааст. Оқои Сайфуллоҳзода афзуд, ба маҳзи муайян шудани натоиҷи ҳамин назархоҳии дохилиҳизбӣ шахсияти афроди номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ва мақоми вай дар руйхати қаблазинтихоботӣ муайян карда мешавад.
Сухангуи ҲНИТ гуфт: "Воқиан, ин як ҷараёни кории дохили ҳизб аст, ки барои муайян кардани шумораи ҳамин 22 нафар мо як интихоботи дохилиҳизбӣ мегузаронем, яьне метавонем гуем, ки шумораи муайян, яьне наздики сад нафар пешниҳд мешавад ба тамоми мақмоти ҳизбӣ аз марказ то поён ва онҳо аз дохили ҳамин сад нафар муайян менамоянд 22 нафареро, ки ҳизб зарурат дорад."
Оқои Сайфуллоҳзода афзуд, ки ҲНИТ тибқи муқаррароти қонуни нави интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон ҳуқуқ дорад ва омода ҳаст, 22 аъзои баргузидаи худро тавассути феҳристи ҳизбӣ ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кунад. Ба гуфтаи ҳамин манбаь, ҲНИТ метавонад аз лиҳози молӣ ҷараёнот ва маъракаҳои қаблазинтихоботии ин 22 шахсияти баргузида ва пардохти гаравпулии онҳоро ба маблағи тақрибан панҷсад доллари амрикоӣ таьмин кунад.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангуи раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон илова кард, ки назархоҳии дохилиҳизбӣ ҷиҳати муайян кардани шахсияти 22 номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон аз миёни сад нафар як таҷрибаи нав аст ва ҳизб бо ин восита талош дорад аз оғоз то анҷом интихобот дар кишвар ҳамин гуна бо усули демократӣ ва шаффоф доир шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG