Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бачаҳои коргар


Додситонии вилояти Волгогради Федератсияи Русия дар сӯҳбат бо Радиёи Озодӣ гуфт, феълан масъалаи будубоши 111 навраси тоҷикистонӣ дар қароргоҳи меҳнативу истироҳатии ин вилоят мавриди баррасӣ қарор дорад ва ҳануз кадом тасмиме нисбати ин бачаҳо гирифта нашудааст. Чанд моҳ инҷониб нашрияи "Русский Курер"-и чопи Русия ба масъалаи ҳузури беш аз 100 навраси тоҷик ру оварда мегуяд, ин бачаҳо алорағми ноболиғии худ, ба кори сангини кишоварзӣ ҷалб шудаанд. Олег Пикоров, масъули бахши ноболиғони додситонии вилояти Волгоград дар суҳбат бо родиёи "Озодӣ" дар заминаи ин қазия чунин гуфт: "Гап дар ин ки зимни таҳқиқи вазъи ин қароргоҳ, додситонии ноҳиявӣ чанд ҳодисайи нақзи қонунро ошкор намуд, ва акнун додситонии вилоятӣ аслан ҳақи ҳузури қонунии ин бачаҳо ва фаъолияти ин қароргоҳро таҳқиқ мекунад. Мо ҳануз кадом қарори ниҳойии худро набаровардем, дар ҳоли ҳозир ҳамин маъала зери суол аст, ки то куҷо фаъолияти ин қароргоҳ ба қавонини Федерастияи Русия, ба қавонини вилояти Волгоград мутобиқ аст. Ҳамааш ҳамин"
Рӯзи сешанбе нашрияи "Русский курер", чопи Русия дар матлабе зери унвони "Ноболиғонро ба ватан бармегардонанд" навишт, аз 250 наврасу ҷавоне, ки дар истироҳатгоҳи меҳнатии ширкати русиии ба номи "Луч" ҳузур доранд, 111 нафар зери синин 18, яъне ноболиғ мебошанд, ва бо вуҷуди ноболиғӣ, бачаҳо ба меҳнати сангини кишоварзӣ ҷалб шудаанд. Раҷаб Каримов, намояндаи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Волгоград оид ба ин қазия гуфт: "Дар ҳақиқат дар байни онҳо 111 нафар шаҳрвандони тоҷикистон мебошанд, ки синну солашон ба 18 нафрасидааст. Мувофиқи қонунҳои Русия шаҳрвандони то ин син набояд ба кор ҷалб шаванд - мувофиқи қонунҳои Россия. Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират моддаи 8уми қисми 2юм гуфта шудааст, ки дар сохторҳои давлатӣ ҷойи кор муқарар карда шавад. Барои ҳамин ҳам ин бачаҳо бо мушкилоти зиёд рубару ҳастанд."
Бо ин оқои Каримов афзуд, бачаҳо машғули бозиву истироҳат ҳастанд ва нафаре аз меҳнати онҳо суйиистифода накардааст. Раҷабалӣ Каримов гуфт: "Мо аз тарафи худ тамоми талошҳоро ба он харҷ мекунем, ки тамоми масъалаҳо ҳалли худро пайдо кунанд. Мо аз сӯйи худ талош дорем, ҳамин тавр кунем, ки ин бачаҳо дар ин ҷо монанд ва истироҳат кунанд. Ин бачаҳо ҳама хатмкардаи мактаби миёна ҳастанд, аммо синнашон ҳануз ба 18 нарасидааст. Ин 111 нафар дар қароргоҳ танҳо бо истироҳат машғуланд, баскетболу шоҳмотбозӣ мекунанд, шиноварӣ мекунанд - ҳеҷ мушкил нест."
Назар ба иттилоъи расмӣ, ирсоли ҷавонон наврасон ба лагери меҳнативу истироҳатии Волгоград бо ташаббуси ду ҷониб - ширкати Племзавод Лучи Русия ва аз ҷониби Тоҷикистон Кумитайи ҷавонони вилояти Суғд сурат гирифтааст. Додситонии вилояти Волгогради Русия мегӯяд, интизор меравад дар ҳафтаи оянда натиҷаҳои таҳқиқоти худро рушан ва аз тасмими ниҳоиаш дар баробари бачаҳои тоҷикистонӣ огаҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG