Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА ҳамла ба сардабири "Рӯзи Нав"-ро маҳкум кард


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нахустин нишасти гурӯҳи бозрасии парвандаи ҳамла ба сардабири нашрияи мустақили "Рӯзи Нав"- ро доир кардааст. Абдураҳим Қаҳҳоров - муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаи мазкур рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи муштарак аз муфаттишони вазорат ва кормандони шӯъбаи дохилаи ноҳияи Синои пойтахт ба таҳқиқи ин парванда шурӯь кардааст: "Дар ҳақиқат гурӯҳи кориро ҷамъ карда, аз чанд корманди вазоратро мутасаддӣ кардам, ки ҳатман зери назорати кормандони вазорат тафтишот равад, ки қазияи ҳамин журналистро тезтар ошкор кунанд."
Оқои Қаҳҳоров гуфт, гурӯҳи бозрасӣ рӯи чанд фарзияи ибтидоии сӯиқасд ба ҷони Раҷаби Мирзо - сардабири "Рӯзи Нав" таҳқиқот мебарад. Аммо вай ба далели халал наафтодан дар ҷараёни таҳқиқоти парванда аз шарҳи ҷузъиёт ва эъломи кадом фарзияе худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе бо пахши як баёния сӯиқасд ба ҷони сардабири нашрияи мустақили "Рӯзи Нав"- ро маҳкум кардааст. Саодат Ҳасанова - корманди Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, таҳқиқоти ин қазияро ба зудтарин фурсат анҷом ва гунаҳкоронро ба ҷазо бикашад.
Ҳайъати эҷодии "Рӯзи Нав" як шумораи махсуси чаҳор саҳифаии ин нашрияро мунташир ва дар Душанбе тавзеъ кард. Дар саҳифаи аввали шумораи махсус матлабе зери унвони "Фақат сарашба занед" аз номи сармуҳаррири "Рӯзи Нав" нашрия дарҷ ва дар он таърихи ду навбати сӯиқасд ба ҷони Раҷаби Мирзо нақл шудааст.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG