Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моли фаровон, роҳҳои баста ва корхонаҳои ташнаи харидор


Абдуқайюми Қайюмзод аз ноҳияи Панҷакент

Натоиҷи фаъолияти корхонаҷоти саноатии ноҳияи Панҷакентро масъулини ин соҳа дар нимсолаи аввали соли равон мусбат арзёбӣ карданд. Хуршед Сироҷов - муовини раиси ноҳияи Панҷакент дар умури саноат ва иқтисод ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 12 корхонаи санъатии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 8-тои он нақшаи солонаро барзиёд иҷро кардааст.
Оқои Сироҷов гуфт, барои корхонаҷоти саноатии Панҷакент масоили марбут ба таъмин бо ашёи хом ва норасоии нирӯи корӣ камтар мушоҳида мешавад. Аммо афзуд масъули соҳаи саноат ва иқтисоди ноҳия таҷдиду бозсозӣ нашудани олот ва таҷҳизоти корхонаҷот, ба иллати камии маош тарки вазифа кардани мутахассисин ва сари вақт дастрас нашудани маводи сӯхт дар роҳи фаъолияти муназзами ин корхонаҳо мушкилот эҷод кардааст. Оқои Сироҷов мушкилоти дигари корхонаҷоти санъатии ноҳияро чунин ташреҳ кард: "Мушкилоти ягона ва вазнин барои Панҷакент ин камбуди захоири энергетикист. Мо барои он ки буғхонаҳои заводи шарбат заводи тамокуро ба кор андозем, барои мо маводи сӯхт даркор, ё гази табиӣ. Ҳозир дар сурати мавҷудияти мева фаъолияти корхонаи машруботбарорӣ хуб хоҳад шуд. Аммо барои ин корхона фурӯши маҳсулот як каме мушкил шудааст, аз сабаби дурии роҳ. Ҳамин дурии роҳ, дурии роҳи оҳан барои мо бисёр халал расонидааст."
Хуршед Сироҷов ҳамчунин гуфт, корхонаи муштараки тавлиди тиллои Тоҷикистону Бритониё дар Панҷакент яке аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ дар қаламарави ин ноҳия буда, солона ба маблағи 65 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад. Вале ба иллати баста будани роҳи миёни Самарқанду Панҷакент корхона маҷбур аст, ашёи хомро аз тариқи ағбаи Шаҳристон, аз шаҳри Хуҷанд дастрас кунад. Ва танҳо барои интиқоли ашёи хом тавассути Хуҷанд ин корхона солона бештар аз чаҳорсад ҳазор доллари амрикоӣ зиён мебинад.
Сунатулло Бойалиев - сардори идораи гумруки ноҳия гуфт, баста будани роҳи миёни Панҷакент ва Самарқанди Узбакистон боис шудааст, ки тавлидоти корхонаҷоти Панҷакент бо баҳои ночиз ва танҳо дар дохили кишвар ба фурӯш расонида шавад. Аммо маҳсулоти корхонаҷоте назири корхонаи "Шарбат", ки нӯшоба ва шарбат тавлид мекунад ва ҳамчунин маҳсулоти корхонаи шаробпазии Марғидар то чанд соли қабл дар хориҷ аз кишвар харидорони зиёд дошт: "Асосан маҳсулоте, ки ворид мешавад, тавассути роҳи оҳани Хуҷанд ворид мешавад. Каме аз тариқи роҳи ҳавоии Тошканд меояд, ки он ҳам аз тариқи Узбакистон дохил мешавад. То ҳоли ҳозир тамокуи боқимонда содир шуд. Ҳозир тамоман нест. Дигар ягон хел маҳсулот аз Панҷакент содир нашудааст. Агар бор ба воситаи Самарқанд биёяд, барои корхонаи муштараки Зарафшон на ин қадар хароҷот мешавад ва барои гумрук ҳам кор мешавад."
Сардори идораи гумруки ноҳия гуфт, ба иллати ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Узбакистон худи 30 корхонаи шахсӣ, ки ба тиҷорат ва тавлидоти маҳсулоти ноҳия машғул буд, муфлис шуда, аз фаъолият бозмонданд. Хуршед Сироҷов - муовини раиси шаҳри Панҷакент гуфт, новобаста аз мушкилоти мавҷуд бархе аз корхонаҳо талош доранд, тавлидотро дубора дар сатҳи пешин ба роҳ андозанд.
Вай ба унвони намуна аз корхонаи "Лада Мармар", ном бурд, дар ҳоли ҳозир чаҳор навъи санги мармарро коркард мекунад. Иноқбек Бобоев - муовини раиси ин корхона дар сӯҳбат бо мо таъйид кард, ки иқтидори тавлидотии корхона дар нимсолаи аввал бештар аз панҷ маротиба боло рафтааст. Оқои Бобоев гуфт, корхона дар доираи як барномаи ҷадид аз "Ориёнбонк" вом дарёфт кардаааст ва бо истифода аз қарзи мазкур тавонистааст, коҳиши истеҳсолотро боздорад.
Аз Иноқбек Бобоев пурсидам, ки барои корхонаи "Мармар" пардохти молиёти муқарраршуда аз сӯи давлат мушкилот бор намеоварад. Вай гуфт, мушкилоте, ки дар роҳи рушди фаъолияти корхона мавҷуд аст, набуди муомилоти бонкии миёни корхонаҳо дар кишвар мебошад: "Як андозе ҳаст, ки андози аз ҳама гаронтар ба ҳисоб меравад. Ин андоз аз арзиши иловашуда, бистфоиза ҳаст. Лекин ин андозе ҳаст, ки дар ҳолати дуруст будани ҳисобгузориву ба воситаи бонкҳо кор кардану ба воситаи ташкилоту корхонаҳое, ки маводу чиз пешниҳод мекунанд, дар ҳолати бо онҳо кор кардан ин андоз гаронӣ намекунад, барои корхона. Лекин дар ҳолате, ки шумо ашё молу маводро аз бозор мехаред ва он дар навбати худ супорандаи андоз аз арзиши иловашуда нестанд, ҳамин чиз дар ҳисоботҳои муҳосибавӣ тарҳ карда намешавад. Барои ҳамин он андоз барои корхона гарон меафтад."
Масъулини умури саноат ва иқтисоди Панҷакент гуфтанд, ин ноҳияи дуввумини саноатӣ дар қаламарави вилоят мебошад, ки бештар аз 2000 нафар дар ин корхонаҷоташ кор мекунанд.
Хуршед Сироҷов - муовини раиси шаҳри Панҷакент дар умури саноат ва иқтисоди Панҷакент мӯътақидаст, ки дар сурати бо иқтидори даврони шӯравӣ фаъолият кардани ду корхона корхонаи тавлиди санги мармар ва корхонаи коркарди тамоку ноҳия метавонад, фоидаеро, ки солона аз корхонаи муштараки тавлиди тиллои Бритониёву Тоҷикистон мебинад, ба даст оварад.Оқои Сироҷов афзуд, соли равон ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти норасоии маводи сӯхт сесад ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ барои корхонаҷоти ноҳия тахсис додааст.
XS
SM
MD
LG