Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори фармондеҳи артиши Амрико аз Тоҷикистон


Масъалаи густариши ҳамкориҳои низомӣ, тақвияти нирӯҳои марзбонии тоҷик ва таҳкими марзҳои ин кишвар бо Афғонистон дар дидори Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷон Абузайд - фармондеҳи нирӯҳои марказии артиши Амрико дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.
Ҷон Абузайд пас аз хатми мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт: "Мо масоили минтақа, Афғонистон, ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, роҳҳои таҳкими марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, кӯмакҳои Амрико ба марзбонони тоҷик ва дигар ҷанбаҳои равобити низомии миёни ин ду кишварро баррасӣ кардем."
Оқои Абузайд зимни посух ба суолоти хабарнигорон дар робита ба ихроҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз Тоҷикистон ва паёмади он гуфт, миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия нақшаи дақиқи ихроҷи давра ба давраи нирӯҳои марзбонии Русия аз марзи Тоҷикистону Афғонистон вуҷуд дорад. Вай афзуд, мутмаин аст, ки бо кӯмаку пуштибонии ҷомеаи байналмилал, Амрико ва ҳамчунин Русия нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон тақвият хоҳад ёфт. Ва ин нирӯҳо бар иваз ва ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши қочоқи маводи мухаддир кӯмакҳоро аз тарафи ҷомеаи байналмилал дарёфт мекунанд.
Фармондеҳи нирӯҳои марказии артиши Амрико изофа кард, миёни Амрико ва Тоҷикистон қарордоди ҳамкориҳои низомӣ амал мекунад ва барои Амрико тақвияти ҳимоят ва ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ин қисмати хатарзои ҷаҳон, ки бунёдгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар он дар ҳоли афзоиш аст, хеле боаҳамият мебошад.
Генерал Ҷон Абузайд дар робита ба эъзоми нирӯҳои низомии ин кишварҳо ба Ироқ гуфт, миёни вай ва руасои ҷамоҳири кишварҳои Осиёи Марказӣ ин масъала матраҳ нашудааст. Вай афзуд, ки ин масъала миёни кишвари мунтахаби Ироқ ва роҳбарони ин кишварҳо бояд ҳаллу фасл шавад. Оқои Абузайд илова кард, дар ҷараёни дидораш бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ як масъалаи дигари мавриди баррасӣ тақвият бахшидани иқдомот дар ҷиҳати таъмини фазои амн ва муносиб дар пешорӯи баргузории интихобтҳоест, ки қарор аст дар ин кишварҳо баргузор шавад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG