Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ


Комиссияи Аврупо рӯзи чоршанбе эълон кард барои рафъи оқибатҳои обхезиҳои ахири Бангладешу Ҳиндустону Тоҷикистон ва кӯмак ба осебдидагон 4 миллиону 350 ҳазор евро ихтисос медиҳад. Ба гуфтаи мақомоти ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо 4 миллион евро барои харидани ғизову доруворӣ ва васоили ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар Бангладеш ва ду иёлати Ҳиндустон сарф мешавад ва боқимондаи он барои Тоҷикистон. Дар баёнияи Комиссияи Аврупо омадааст, 350 ҳазор евро, муодили бештар аз 400 ҳазор доллар барои тавзеъи оби поки нушиданӣ дар шаҳри Душанбе масраф мегардад. Боронҳои шадид ва селу обхезӣ сабаби олуда шудани оби ошомиданӣ дар пойтахти Тоҷикистон шуда буд.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG