Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи Ёқуб Салимов ба поён мерасад


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, соли гузашта Русия 115 нафар гумонбар дар ҷиноятҳои мухталиф ва 14 ҷинояткори хатарнокро ба Тоҷикистон истирдод кард. Таҳқиқи парвандаи яке аз афроди ба Тоҷикистон таслимшуда, вазири собиқи умури дохилаи кишвар Ёқуб Салимов дар садади анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ба поён мерасад, гуфтааст Бобоҷон Бобохонов.
Ёқуб Салимов, ки дар як идда аз ҷиноятҳо аз ҷумла кӯшиш барои табаддулоти давлатӣ айбдор мешавад, соли гузашта аз шаҳри Маскав ба Душанбе истирдод шуда буд. Хабаргузории "Интерфакс" ҳамчунин аз қавли Бобоҷон Бобохонов навиштааст, таҳқиқи парвандаи ҷиноии ду бародари фармондеҳи собиқ Ризвон Содиров, ки ҳар дуро Русия соли равон ба Тоҷикистон таслим кард ба зудӣ поён меёбад. Ин ду нафар дар гаравгонгирӣ, тероризм ва ҷиноятҳои дигари вазнин муттаҳам шудаанд. Ва дар идомаи мусоҳиба бо "Интерфакс" Бобоҷон Бобохонов гуфтааст, соли гузаштаи 2003-ум Тоҷикистон аз қаламраваш 44 нафарро ба Русия ихроҷ кардааст.
Ва доир ба вазъи ҷиноии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон вазири умури дохилаи кишвар Ҳумдин Шарифов дар нишасти ҷамъбастии вазорат кори ин ниҳодро ғайриқаноатбахш арзёбӣ кардааст. Ҳарчанд гуфтааст ӯ, шумораи ҷиноятҳо дар Тоҷикистон кам шудааст, аммо созмонҳои ҷиноии муташаккиле, ки худи кормандони ин ниҳод доир ба онҳо зиёд мегӯянд, муайян ва ошкор нашудаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия Плюс" иттилоъ додааст.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG