Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз хуруҷи бемории домана дар Душанбе


Мушкили оби олуда, ки беш аз шаст дар сади сокинони шаҳри Душанбе ҳудуди як ҳафта аст, ки бо он даст ба гиребонанд, ба нигаронии онон дар мавриди мубтало ба бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла домана, доман задааст. Се бемористони аслии шаҳри Душанбе имрўз муроҷиини бисёре доштанд, ки аз таби баланд шикоят мекарданд ва нигарон буданд, ки мабодо гирифтори ин бемори бошанд.
Яке аз онҳо мегӯяд: "Ман Назаров, сокини шаҳри Душанбе, як-ду рўз шуд, ки таб карда истодаам. Ба хотири ҳамин ба ин беморхона омадам, ки домана ҳастам ё не?"
-Чӣ гумон доред, чаро таби шумо баланд шудааст?
-Феълан намедонам.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории «Рейтер» гузориш додааст, ки тайи ҳафтаи ахир сад нафар аз нигаронии доштани домана ба бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Масъулони беҳдоштӣ зоҳиран ҳанўз намехоҳанд, ба таври дақиқ дар ин бора иттилое бидиҳанд.
Аммо Гурез Азимов, сардухтури Маркази вогиршиносии шаҳри Душанбе рад кард, ки ин беморӣ дар моҳи июл афзоиш доштааст. Аммо дар айни ҳол оқои Азимов таъйид кард, ки оби олуда ба бемориҳо роҳ хоҳад дод: "Ин гуфтаҳо асос надоранд. Соли гузашта агар шумораи бемориҳои домана дар ҳамин давра 39 нафар буд, имсол шумораи онҳо 12 нафар аст. Ва ба воситаи ташхиси лабораторӣ тасдиқ шудааст. Бинобар ин ман ҳамчун мутахассис гуфта метавонам, ки ин гуфтаҳо нодуруст ҳастанд. То ҳол чунин шумораи бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст.Чунки дар шаҳр ҳамаи чораҳо барои пешгирӣ кардани ин бемориҳо сари вақт андешида шудааст. Дар шаҳр ситод ташкил кардем."
Ин дар ҳолест, ки сардухтури Маркази вогиршиносӣ ва беҳдоштии Душанбе мегӯяд, баъд аз як ҳафтаи мамнўъ эълон шудани нўшидани оби шабакаи обрасонии пойтахт ў истеъмоли оби ошомидании ин шабакаро аз ду рўз пеш иҷоза додааст. Вале ин об ба гуфтаи ў, бояд қабл аз истеъмол як бор полоида ва ду бор ҳам ҷўшонида шавад.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG