Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Эътилофи ҲСДТ бо ҲТТ


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Эътилофи Ҳизби Сотсиал- Демократ бо Ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёти Султон Қувватов дар ҳафтаи равон дар матбуот ва маҳфилҳои сиёсии Тоҷикистон аз воқеъоти муҳими сиёсии рузҳои ахир унвон шудааст.
Ду ҳизби номбурда тавофуқ кардаанд, ки дар интихоботи ояндаи порлумонии соли 2005 ба сурати муштарак ширкат хоҳанд кард. Ба асоси ин тавофуқ, ин ду ҳизб ситоди муштараки интихоботӣ ва таблиғотӣ хоҳанд дошт ва тавассути ҳавзаи саросарии интихоботии ҳизбӣ як феҳристи муштараки номзадҳоро барои ширкат дар интихобот ироа хоҳанд кард. Аз он ҷо ки Ҳизби Тараққиёт (ҲТТ) сабти ном нашудааст, ба гуфтаи мутахассисон, ҳаққи пешниҳоди номзадҳоро нахоҳад дошт ва номзадҳои ҲТТ тавассути ҳизби сабтиномшудаи Сотсиал-Демократ(ҲСДТ) муаррифӣ хоҳанд шуд. Масъулони Ҳизби Тараққиёт мегӯянд, бар асоси тавофуқи ҳосилшуда ҳашт нафар номзади онҳо тавассути феҳристи номзадҳои ҲСДТ муаррифӣ хоҳад шуд.
Рустам Файзиев, муовини раиси ҲТ мегӯяд: "Мо на ҳамчун намояндаи ҲТТ, балки ҲСДТ иоро ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон пешбарӣ мекунад. Дар рӯйхати ҳизбӣ, тибқи шартнома, аз 22 ҷой 8 ҷояш барои мо дода хоҳад шуд. Ҳамчунин мо дар 41 ҳавзаи якмандатӣ низ муштаракан номзад пешбарӣ мекунем."
Барои авалин бор аст дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ду ҳизби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот ташкили эътилоф медиҳанд.
Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ба ин васила ҳизбаш имкон пайдо хоҳад кард, ки ҳадди ақали панҷфоизаи раъй барои ворид шудан ба парлумонро ба даст биорад: "Ин барои ҲСДТ ҳам бисёр муфид аст, чунки мо бо ин роҳ барйери панҷфоизаро гузашта метавонем барои вуруд ба парлумон, балки аз ин ҳадд анча пештар ҳам рафта метавонем. Дуввуман, боварии аҳолӣ ба мо зиёдтар мешавад. Ва аз дигар тараф, гуфтан даркор аст, ки ин барои ҲТТ низ муфид аст, чунки онҳо бо ин роҳ ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шуданро истифода бурда метавононанд."
Аммо Султон Қувватов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт дар мавриди ин иқдом мегуяд: "Мо хоҳони онем, ки аъзо ва ҷонибдорони мо дар остонаи интихоботи парлумонӣ ба хотири канор намондан аз ширкат дар ин маърака бо аъзои ҲСДТ ташкили иттиҳод диҳанд. Бо ин ҳадаф мо тасмим гирифтаем, дар интихобот ҳамроҳ бо ҲСДТ ширкат кунем. Фикр мекунам, мо ҷонибдории қобили мулоҳизае дар минтақаи Кулоб дорем ва метавонем мусоидат кунем, ки ҲСДТ аз ин минтақа раъйи бештар касб намояд."
Ҳизби Сотсиал-Демокарти Тоҷикистон яке аз шаш ҳизби фаъоли расмӣ дар Тоҷикистон аст, ки яку ним соли пеш муҷавизи фаъолият дарёфт кардааст. Ҷонибдорон ва аъзои ин ҳизб, ба назари коршиносони сиёсӣ, умдатан зиёиён, рушанфикрон ва устодони донишгоҳҳо мебошанд.
Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон, ки Султон Қувватов раиси он мебошад, аз се соли пеш барои сабти ном ариза додааст, вале то кунун иҷозаи фаъолияти расмиро дарёфт накардааст. Коршиносон мегуянд, бар асоси қавонини Тоҷикистон дар ҳоле, ки як соли дигар то баргузории интихоботи порлумонӣ боқӣ намондааст, дар сурати сабти ном шудани Ҳизби Тараққиёт низ, ин ҳизб ҳамчунон ҳаққи муаррифии номзадҳо барои интихоботи парлумониро аз даст додааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон алорағми нигарониҳои бархе аҳзоби сиёсӣ қонуни ислоҳшудаи интихоботи кишварро таъйид карда ва ба марҳилаи иҷро гузоштааст. Ва ҲТТ зимни як муроҷиатнома ба аҳзоби дигари сиёсӣ гуфтааст, иҷрои қонуни интихобот ба сурати феълӣ танҳо ба нафъи ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ анҷом хоҳад шуд. Аммо бо ин ҳама ҳол, боз ҳам аҳзоби сиёсӣ бо таъсиси эътилоф ва бо роҳҳои дигар ба истиқболи интихобот мераванд.
XS
SM
MD
LG