Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Максим Пешков мухолифи ҷорӣ кардани режими раводид


Ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба низоми вижа бастагӣ надорад ва ҳар кӣ дар ин замина хостори муқаррароти раводид байни Русия ва Тоҷикистон мебошад, ғаразаш барангехтани низоъи миллӣ аст. Ин матлабро Максим Пешков, сафири Русия дар Тоҷикистон тайи як нишасти матбуоти рӯзи панҷшанбе дар Екатеринбург эълом кард.
Вай гуфт: "Муқарароти раводид байни Русия ва Тоҷикистон метавонад низоми мавҷудаи муносибати мутақобилаи чандин давлатро ба мушкил мувоҷеҳ созад, вале барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҳеҷ таъсире надошта бошад. Ин афсона ва эҳсосест, ки аз он бӯйи генотсид, яъне нажодкушӣ меояд."
Евгений Ройзман, депутати Думаи давлатии Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз мақомоти кишвари худ хостори муқарароти виза бо Тоҷикистон шудааст ва дар ин росто ба талошҳои худ идома медиҳад.
Максим Пешков дар ҷавоб ба хабарнигори рузномаи «Новий регион» рӯзномаи Ройзман, ки эълом дод, навад дар сади маводи мухаддир ба вилояти Свердловск аз Тоҷикистон мерасад, гуфт: "Ман ин саволро бо кароҳату нафрат табсира мекунам. Айби як ду ноҷинсро ба тамоми мардум часпондан нашояд. Тоҷикистон ҳероин тавлид намекунад. Ҳероин дар Афғонистон тавлид мегардад. Маъмулан 50 дар сади он аз тариқи Ирон ва Покистон, 30-35 дар сади дигар аз тариқи Туркманистон ва Узбакистон ва 15 дар сади он аз тариқи Тоҷикистон дар Аврупо, Осиё ва аз ҷумла, дар Русия паҳн мешавад. Тахмин мешавад, тавлиди маводи мухаддир имсол дар Афғонистон ба 500 тонна хоҳад расид. Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир дар ҷаҳон дар ҷойи саввум қарор дорад."
Максим Пешков дар идомаи сӯҳбати худ аз мардуми Урал даъват кард, дар қиболи намояндагони халқи тоҷик меҳрубон бошанд. Вай тавзеҳ кард, моҳона дар Тоҷикистон 10-12, нафақапулӣ 2-3 доллар аст. Тоҷикон аз ноилоҷӣ барои чанд танга, дар шароити тоқатнопазир дар Русия тан ба корҳои сангин додаанд.
Максим Пешков ҳамчунин аз амалияи депортасияи тоҷикон аз Русия ибрози нороҳатӣ кард. Намояндаи вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Иброҳим Абдуллоев бо нақл аз манобеъи вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, дар саросари Урал шумораи тоҷикон 51 ҳазор ва дар Екатеринбург 27 ҳазор ҳисоб шудааст, ки 45 ҳазори онҳо бо доштани тазкираи иқомат қонунӣ ба сар мебаранд ва мақомоти минтақа аз онҳо шикоят надорад. Онҳо дар сохтмон, кабудизоркунӣ ва роҳсозӣ кор мекунанд.
Нишасти матбуотии Максим Пешков, сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон, ба ҷуз аз се нашрияи минтақаии Урал дар ҳеҷ расонаи сатҳи федералӣ чоп нашудааст, дар ҳоле, ки камтарин ҷурми тоҷикон маъмулан, дар аксари расонаҳои хабарии марказии Русия бозтоби бузург дорад.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG