Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Сорос барои хабарнигорони тоҷик


Шӯрои мудирони Бунёди Сорос ҷиҳати таъсиси як шабакаи иттилоърасонӣ барои хабарнигорони минтақавии Тоҷикистон тарҳеро, ки аз ҷониби намояндагии ин бунёд дар Душанбе пешниҳод шуд, ба тасвиб расонидааст. Рухшона Олимова, корманди ин бунёд дар Душанбе 7 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, барои татбиқи ин тарҳ қадамҳои нахустин бардошта шуд ва бо ҷалби хабарнигорони бомаҳорат дар навоҳии кишвар 17 маркази иттилоърасонӣ таъсис дода шуд.
Бар асоси як тарҳи дигаре, намояндагии Бунёди Сорос, ба кормандони марказҳои иттилоърасонӣ навиштани хабару гузоришҳо ва роҳҳои даст ёфтан ба манобеъи хабариро омӯзиш медиҳад. Интизор меравад, дар охирҳои ҳамин ҳафта дар китобхонаи Фирдавсии пойтахт як семинар таҳти унвони "Дастрасӣ ба иттиллоъот" аз ҷониби Бунёди Сорос оғоз шавад.
Ба ин тартиб Бунёди Сорос бар асоси ин тарҳ дар назар дорад, марказҳои хабаргузориро бо компютер ва васоити дигари муҳими иттилоърасонӣ таъмин намояд ва дар ояндаи наздик як саҳифаи интернетӣ бо нашри хабарҳои марказҳои иттилоърасонӣ аз навоҳии дурдасти Тоҷикистон низ боз кунад. Забони хабаргузории ин марокиз забони тоҷикӣ хоҳад буд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG