Бунафша Маҳмадалиева - муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии вазорати тандурустии Тоҷикистон оид ба масъалаи беҳдоштӣ бо изҳори нигаронӣ гуфт, натиҷаҳои чанд моҳи ахири соли равон нишон дод, ки теъдоди мубталоён ба HIV (ангезандаи бемории СПИД) дар ҳоли афзудан аст. Вай гуфт, омори ташхисгоҳҳои бемории AIDS (СПИД) нишон дод, ки шумораи гирифторони ин беморӣ дар Точикистон ба 243 нафар расидaаст: "Агар соли 1999 теъдоди гирифторони бемории HIV-AIDS танҳо ду нафар бошад, то семоҳаи охири соли 2004 ин рақам ба 243 нафар расидааст, ки ин рақам барои аҳолии кишвари мо хеле зиёд аст."
Аммо Аъзам Мирзоев - мудири Маркази ҷумҳуриявии мубориза зидди AIDS мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон мушахассан 228 нафар гирифторони ин вирус муайян карда шудаанд. Ин рақамҳо дар як нишасти байналмилалӣ таҳти унвони "Ба нақшагирии роҳҳои дифоъи сиҳатии насли ҷавон", ки 5 июл дар Душанбе баргузор шуд, баён гардид.
Оқои Мирзоев гуфт, шояд ин рақам 10-20 маротиба бештар бошад. Вай афзуд: "Агар афзоиши гирифторони ин беморӣ ҳамин тавр зиёд шавад, мо бо мушкилоти сангинтар аз ин метавонем рӯ ба рӯ шавем."
Маҳмуд Рабиев - сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар вилояти Суғд то имрӯз 116 нафар мубталоёни HIV ба қайд гирифта шудаанд, ки синни онҳо аз 25 то 50-сола мебошад. Ба муқобили ин мараз бояд дастҷамъона ҳам созмонҳои байналмилалӣ, ҳам ҳукумат мубориза барем."
Оқои Рабиев афзуд, гирифторони бемории мазкур аслан мӯътодони маводи мухаддир ва маҳбусон ва танфурӯшон мебошанд. Сарвиноз Ғаниева духтури занонаи Маркази беҳдоштии вазорати тандурустии Тоҷикистон бар ин назараст, ки бемории СПИД аз хориҷ низ тавассути муҳоҷирони корӣ ба кишвар ворид мегардад.
Хонум Ғаниева афзуд: "Чӣ тавре, ки кишварҳои дигар аз мо талаб мекунанд, ки пеш аз ба хориҷа рафтан аз муоинаи духтур гузаранд, дар кишвари мо низ бояд ҳамин шарт гузошта шавад, яъне одамоне, ки аз хориҷа меоянд, бахусус тоҷирон ҳатман аз муоина гузаранд."
Девид Риверд - коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сабаби солҳои ахир якбора тавсиа ёфтани ангезандаи бемории СПИД дар миёни мардуми Тоҷикистонро ба пойин рафтани сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар марбут медонад.
Оқои Риверд мегӯяд: "Фақр метавонад, омили аслии пайдоиши чандин мушкилот дар ҷомеъа, аз ҷумла афзоиши вирус, пайдоиши бемориҳои уфунӣ шавад. Яке аз масъалаҳои хеле шадид ва нигаронкунанда ин аст, ки ҷавонон ва наврасон метавонанд, ба осонӣ гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла HIV бигарданд."
Ба назари Девид Риверд, чанд роҳи муҳими мубориза алайҳи HIV вуҷуд дорад, ки метавон бо истифода аз он, хусусан ҷавононро аз ин беморӣ ҳифз кард. Аввал беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии мардум, дуввум боло бурдани дониши беҳдоштии ҷавонон, огоҳонидани онҳо бо паёмади бемории СПИД мебошад.