Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи сафари ҳайъати низомии ИМА ба Душанбе


Клод Вилямс - фармондеҳи горди миллии иёлати Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар поёни боздиди шашрӯзаи худ аз Тоҷикистон бо Рамил Нодиров - фармондеҳи кулли ситоди вазорати дифои Тоҷикистон мулоқот кардааст. Зимни ин дидор ҳайъати амрикоӣ натиҷаи диду боздид ва мулоқотҳояш бо мақомоти мухталифи низомӣ ва интизомии Тоҷикистонро мавриди арзёбӣ қарор дода, зарфият ва имкони ояндаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Ҷамшед Ҳусейнов - корманди масъули дафтари матбуотии вазорати дифои Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд: "Ин ҳайъат аз воҳидҳои вазорати дифоъ, ҷузву томҳои кумитаи марзбонӣ, горди миллӣ ва инчунин аз маркази майнрӯбии Тоҷикистон дидан карда ва бо фаъолияти ин ниҳодҳо ошно шудааст. Фармондеҳи амрикоӣ таъкид кард, ки заминаҳои мухталифе барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти табодули таҷриба мавҷуд мебошад."
Ҳайъати амрикоӣ зимни ин сафар ҳамчунин аз Маркази миллии майнрубии Тоҷикистон низ дидан ва бо масъулини он мулоқот кардааст. Парвиз Мавлонқулов - муовини раиси маркази мазкур дар ин бора гуфт: "Ҳамаи проблемаҳое, ки дорем ба онҳо фаҳмондем, ки агар онҳо тавонанд, ба мо кӯмак расонанд. Гурӯҳҳое, ки мо дорем дар навоҳии кишвар онҳо базаи доимӣ надоранд, мо аз онҳо хоҳиш кардем, барои сохтмони пойгоҳ барои баталёни сапёрии Тоҷикистон ёрӣ расонанд."
Аммо ба гуфтаи оқои Мавлонқулов, бо ин вуҷуд миёни мақомоти Тоҷикистон ва ҳайъати амрикоӣ зимни ин дидорҳо дар заминаи ҳамкориҳо санади мушаххасе ба имзо нарасидааст. Клод Вилямс барои қабули сарбозони тоҷик ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи сарбозони амрикоӣ дар иёлати Вирҷиния изҳори омодагӣ карда ва гуфтааст, барои фиристодани сарбозони амрикоӣ ба Тоҷикистон низ ба ин мақсад мувофиқ аст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG