Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нави зиддитоҷикии Ройзман


Намояндаи Думаи давлатии Русия Евгений Ройзман бо баргузории як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Екатеринбург, муҷаддадан хостори роҳандозии муқаррароти раводид бо ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба Русия ва минтақаи Урал шуд.
Ройзман эълом кард: "Навад дар сади қочоқчиёни маводи мухаддир, ки дар вилояти Свердлов боздошт шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ман қасд дорам, баррасии масъалаи виза бо Тоҷикистонро дар Думаи давлатӣ ба миён бигузорам. Баррасии мавзӯъ тирамоҳи соли равон дар Думаи давлатӣ дар назар аст. Дар сӯҳбатҳои инфиродӣ аксари депутатҳо ба роҳандозии муқаррароти виза мувофиқанд ва аммо дар сатҳи расмӣ ба ҳангоми баррасии ин мушкил мавзӯъи манофеъи геополитикӣ боло мегирад. Ман ҳамтоёни худро мутмаин хоҳам кард, ки муҳимтарин манофеъи Русия ҷилавгирӣ аз хатари маводи мухаддир аст."
Гузашта аз ин депутат эълом кард, дар кӯтоҳмуддат дар шаҳри Екатеринбург ва вилояти Свердлов хадамоти эътимод бо номи "Меҳмони нохонда" ба кор шурӯъ менамояд ва мардум метавонад дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба мақомоти амниятӣ билофосила хабар бидиҳанд ва худи ман дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар минтақа аз ҳеҷ талоше фурӯгузор нахоҳам кард. Аммо дар сафорати Тоҷикистон дар Русия бар онанд, ки талошҳои Ройзман наметавонад ба муносибати Тоҷикистону Русия халал ворид намояд.
Депутати Думаи давлати Русия Евгений Ройзман ибтидо аз даҳуми майи соли равон ба муқобили ҳузури тоҷикон дар Русия ду тазоҳурот, яке дар Екатеринбург ва дигаре дар Маскав ташкил намуд. Нишасти матбуотии зиддитоҷикии худро депутати Думаи давлатии Русия дар Екатеринбург рузи душанбеи ахир баргузор кард.
Дар ҳоле, ки донишмандон барангехтани низоъи қавмӣ дар кишвари сермиллате чун Русияро хатарнок арзёбӣ мекунанд, мақомоти олии кишвар ба фаъолияти депутати Думаи давлатӣ ҳанӯз расман вокуниш нишон надодааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз шаҳри Маскав
XS
SM
MD
LG