Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи Нав": Сӯиқасд ба ҷони Зафар Саидов


Рӯзи «Ваҳдат», 27 июн - солгарди ҳафтуми имзои созишномаи истиқрори сулҳ мавзӯъи аслии нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта буд. «Рӯзи Нав» навиштааст, вожаи «ваҳдат» мавриди сӯиистифодаи бархе қарор гирифтааст, ки мехоҳанд воқеияти аслии кишвар мушкилотро паси парда гузоранд. Яъне, чун дар маҷлисе ё расонае ҳарф аз мушкилот равад, афроде аз ҷой баланд мешаванду садо баланд мекунанд, «Шумо сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро зери хатар гузошта истодаед!»
Саид Абдуллоҳи Нурӣ - раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси комиссияи оштии миллӣ ва раҳбари иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар як сӯҳбати вижа бо «Рӯзи Нав» гуфтааст, дигар аз ҷониби онҳо хатаре ба сулҳи Тоҷикистон таҳдид намекунад вале ин на маънои адами нерӯи ин ҳизбро дорад, баръакс, ин ҳизб аз бисёр мавоқеъ ва манофеъи худ ба хотири сулҳ гузашт мекунад. Нурӣ гуфтааст, аммо ба сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби дигар хатарҳо таҳдид мекунад. Як чунин хатари ҷиддиро Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар сиёсати нодурусти дохилии ҳукумат дидааст. Қонуни тозаи интихобот, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии кишвар метавонад Тоҷикистонро ба ҳаводисе назири Гурҷистон мувоҷеҳ созад, гуфтааст раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зойиров - раиси ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо нашрияи русии «Независимая газета», ки дар «Рӯзи Нав» нашр шудааст, изҳори ақида намудааст, ки 90 дар сади шаклҳои мавҷудаи интихоботӣ аз аркони демократӣ дур ҳастанд.
Дар идомаи мавзӯъи рӯзи «ваҳдат» «Азия-Плюс» аз ҳафт мушорики бевоситаи он ҳаводис суол кардааст, ки дар он давра ба чӣ хатоиҳо роҳ додаанд ва имрӯз барои ягон амалашон аз мардум афв пурсидан мехоҳанд ё не? Аз ин ҳафт нафари соҳибмақом танҳо Маҳмадрӯзӣ Искандарови бемансаб ҳозир шудааст, ки посух диҳад. Ба навиштаи «Азия Плюс» дар сурате, ки мо то ҳанӯз хатоҳои худро иқрор намешавем ва то ҳанӯз ҳамдигарро набахшидаем, таҷлили рӯзи «ваҳдат» чӣ лозим аст?
«Нерӯи Сухан» навиштааст, дар ҳоле, ки мо дар Ватан бо садои карнаю сурнай, рақсу бозӣ, шаробнӯшиву хушҳолӣ аз ҷашни «ваҳдат» истиқбол мегирем, беш аз 1.5 миллион ҳамватанонамон ба хотири пайдо намудани пораҳаки ноне овораю мардикор ва хору зор дар Русия мавриди шиканҷаю таҳқиру озору куштору лату кӯби милисаҳову неофашистҳо қарор доранд. Ва дар ин рӯзи ба қавле хотирмону саҳфаи нави миллат атфоли тоҷик мошиншӯӣ мекунанду занон дасти гадоӣ пеши бар аз ҳар раҳгузар садақа мепурсанд. Гӯиё онҳо ба касе лозим нестанд.
Саид Абдуллоҳи Нӯрӣ дар мусоҳибаи худ бо «Рӯзи Нав» гуфтааст, имрӯз дар симои президент одамеро мебинад, ки ба онҳо бениёзӣ ҳосил кардааст. Собиқ раҳбари комиссияи оштии миллӣ гуфтааст, ӯ чун мизони садоқат ба президент қарор гирифтааст. Яъне, касе, ки ба Нурӣ ҳисси бадбинӣ дорад, «одами худӣ» будааст.
"Рӯзи Нав» ҳамчунин аз сӯиқасд ба ҷони Зафар Саидов - раҳбари ожонсии иттилоотии миллии «Ховар» ва собиқ сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додаст. Нашрия аз қавли худи Зафар Саидов навиштааст, ӯ субҳи бокир аз хона ба тарафи дармонгоҳ раҳсипор будааст ва дар ин ҳин аз як мошини раҳгузаре сӯи ӯ тир холӣ шудааст. Тир аз паҳлӯи Зафар Саидов гузашта ба ӯ нарасидааст. Зафар Саидов ҳайрон аст, ки марги ӯ ба кӣ лозим бошад ва тахмин задааст, ки ин шояд шӯхии кадом силоҳбадасте будааст. «Рӯзи Нав» илова намудааст, ки тирҳои ба қавле «дайду» танҳо дар майдони ҷанг парвоз мекунанд.
Муборизаи мардуми Тоҷикистон барои зиндагонӣ на камтар аз ҷонбозиҳои майдони ҷанг аст, навиштааст «Одаму Олам». Дар ин ҷанг низ одамон қурбон мешаванд, ҳарчанд садои тир нест, аммо шумори қурбониён рӯз аз рӯз меафзояд. Дар деҳот бошад, ки беш аз 70 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, қариб марде намондааст.
XS
SM
MD
LG