Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ: "Ба Тоҷикистон авторитаризм таҳдид мекунад."


Чаҳор ҳизби сиёсии мухолифи давлат Ҳизби Демократ, Ҳизби Наҳзати Исломӣ, Ҳизби Сотсиал-Демократ ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 26 июн бо интишори як баёния эълом доштанд, ки ширкати онҳо дар интихоботҳои қарибулвӯқӯъ дар кишвар зери суол қарор гирифтааст.
Мақомоти аҳзоби сиёсии мухолиф дар як конфронси хабарӣ аз суханронии Эмомалӣ Раҳмонов бахшида ба рӯзи "Ваҳдат" ки Қонуни интихоботи тоза қабулшударо ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ кард, шадидан изҳори нигаронӣ карданд.
Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон гуфт, далели нашри баёнияи аҳзоби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон низ суханронии раиси ҷумҳур ва изҳори назари ӯ дар робита ба Қонуни интихобот аст: "Мо умед доштем, ки аққалан раиси ҷумҳур ба ин қонуни қабулшуда вето мегузорад ва онро барои аз нав дида баромадан ба парламент бармегардонад, вале мутаасифона аз суханронии президент мо дарёфтем, ки президент ҷонибдорӣ аз ҳамин қонун мекунанд."
Оқои Искандаров афзуд, аҳзоби сиёсӣ қаблан бо ирсоли як муроҷиатнома аз раиси ҷумҳур хостори бозбинии Қонуни интихобот шуда буданд. Ба ақидаи оқои Искандаров, агар ин қонун ба ин шакл аз ҷониби раиси ҷумҳур низ пазируфта шавад, зарурате барои ширкати аҳзоби сиёсии дигар, ба ҷуз аз ҳизби ҳоким дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ боқӣ нахоҳад монд: "Шафофияту демократӣ гузаронидани интихоботҳои оянда зери шубҳа қарор гирифтааст ва дар ҳолати аз тарафи президент барнагардондан ( ба парламент) ва қабул нашудани пешниҳодҳои мо, фикр мекунам, иштироки аҳзоби сиёсии дар ин ҷо имзогузошта дар интихоботҳои оянда зери шубҳа қарор мегирад."
Дар баёнияи аҳзоби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, роҳбарияти ҳизбҳои сиёсии кишвар итминон дорад Тоҷикистонро дар ин марҳалаи ҳассос аз гузариш ба сохти давлатдории яккаҳизбӣ ва авторитарӣ наҷот додан имконпазир аст. Ба ақидаи ин аҳзоб, аз ин роҳҳо бозгардонидани Қонуни интихобот аз ҷониби президент барои баррасии такрорӣ ба парлумон ва ворид намудани пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ ба он мебошад. Дар акси ҳол гуфта мешавад дар ин баёния, Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии сохти авторитарӣ ва яккатозии ҳизби ҳоким ворид мегардад, ки дар чунин ҳолат ширкати аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, мисли интихоботҳо зери суол қарор хоҳад гирифт.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG