Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши худкушӣ дар Хатлон


Тӯли 12 моҳ дар се ноҳияи Хатлон дар Кулоб, Восеъ ва Фархор беш аз 40 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд. Ин иттилоъи расмист. Ва аммо коршиносон мегӯянд, теъдоди дақиқи афроди даст ба худкушӣ зада, зиёд аст. Равоншиносон мегӯянд, занҳо бештар аз мардон ба ҷони худ қасд мекунанд. Ба унвони мисол дар ноҳияи Восеъ тӯли ним соли ахир 6 зан аз тариқи худсӯзӣ ва заҳролудшавӣ фавтидаанд. Як корманди пулиси ҳамин ноҳия, ки нахост номаш фош гардад, дар робита ба мавзӯъ мегӯяд, дар бархе ҳолатҳо бонувон ҳам ба ҷони хеш ва ҳам ба ҷони атфоли худ қасд кардаанд: "Мисол занон даст ба худкушӣ заданд, худро алов заданд, заҳр хӯрданд. Ҳатто як ҳолати фарзанди худро куштан ҳам аз тарафи зане ба қайд гирифта шудааст.» Ва аммо дастандаркорони суисид, ё худ маргхоҳии занон киҳоанд, норӯшан аст. Дар аксари маврид қубҳи маргталабиро ба зиндагонии сангин тавъам медонанд.
Духтур Ҳасанов - мудири шӯъбаи эҳёгарии беморхона мегӯяд, соле то 25 тан аз занон амдан заҳр истеъмол мекунанд. Ва аммо пас аз шифо, ё пас аз фавти онҳо, ин амалро наздикон мастур медоранд ва истеъмоли заҳрро аз сӯи одамон як амали тасодуф мехонанд.
Равоншинос Бедилов мегӯяд, маргхоҳии занон ба асаб ва амрози рӯҳӣ мансубият дорад: «Одамоне, ки бо алов задани худ, дар об партофтани худ, заҳролудкунии бадан, бо роҳи хӯрдани доруҳои заҳрдор ва ё ҳабби дорувории бисёр вомехӯранд, инҳо мумкин аст, касали асабу рӯҳӣ бошанд. Асосан ба ин корҳо занҳо даст мезананд, зеро асаби заъиф доранд ва сустиродаанд.»
Коршиносон мегӯянд, маргталабии бонувон ба истилоҳ ҷавон мегардад. Ба унвони мисол, дар ноҳияи Восеъ тӯли ду моҳ се хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ даст ба худкушӣ задаанд.
Ва аммо аз ҷониби дигар дар бархе аз навоҳии Хатлон теъдоди мардони маргталаб афзудааст. Ба унвони мисол, аз 25 нафар сокини шаҳри Кӯлоб, ки даст ба худкушӣ задаанд, 13 тани онҳо мард будаанд. Равонпизишкон мегӯянд, даст ба худкушӣ задани мардон сабабҳои иктисодӣ доранд. Зеро адами ҷои кор, маъоши кӯчак, бепулӣ, бешуғлӣ мардонро рӯҳафтода кардаанд. Ва аммо дар аксари маврид, маргхоҳии занон ба шарму ҳаёи шарқиёна ҳам тавъаманд. Зани тоҷик, ки барои у иффату номус болотар аз зиндагонист, дар сурати ифшои ягон нуқсу камбуди ночиз ҳам ба ҷони худ қасд мекунад. Аз ҷониби дигар вучуд доштани далели худкушӣ барои табори маъит низ ор аст. Аз ин рӯ дар аксари маврид одамон факти суисидро дар аёли хеш маҳфуз медоранд.
Ҷалолиддини Фарҳодӣ аз Хатлон
XS
SM
MD
LG