Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи як гурӯҳи муташаккил шурӯъ шуд


Дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии се узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки ба қатли се шаҳрванди Тоҷикистон ва ду табааи Қазоқистон муттаҳам мешаванд, шурӯъ шудааст. Назархудо Карамхудоев - додраси Додгоҳи Олӣ ва масъули муҳокимаи ин парванда гуфт, бар асоси маълумоти тафтишоти қаблӣ ин се нафар Бахтиёр Давлатов, Хуршед Воҳидов ва Ҳабибулло Раҳматуллоев дар содир кардани ҷиноёте назири гаравгонгирӣ ва одамкушӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон муттаҳам шудаанд.
Оқои Карамхудоев ҳамчунин гуфт, роҳбари гурӯҳи мазкур Бахтиёр Давлатов ба сифати созмондеҳ ва дуи дигар ҳамчун иҷрокунандаи амалҳои террористӣ то замони боздошт таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта ва дар ҳоли фирор ба сар мебурданд. Бар асоси иттиллоъи ҳамин манбаъ, ин гурӯҳ бар ивази маблағ се сокини пойтахтро ба қатл расонида, ҳамчунин ба ҷони Пирмуҳаммад Солеҳов - раиси шӯъбаи вазорати амният дар ноҳияи Кофарниҳон дар соли 1997 сӯиқасд кардаанд.
Оқои Карамхудоев афзуд: "Яке аз лаҳзаҳои муайянаш ҳамин ки ба Қазоқистон рафта одамонеро, ки дар ҷинояткорӣ ва корҳои дигар бисёр номдор буданд, рафта ҳамон ҷо куштаанд. Дар Қазоқистон дар шаҳри Қарағанда 30 ҳазор доллар гирифта, амалиётро анҷом додаанд." Дар ҳамин ҳол Нурулло Каримов - вакили мудофиаи Бахтиёр Давлатов яке аз мутаҳаммон гуфт, вазъи сиҳатии нафари зери ҳимояти вай дар боздоштгоҳ бад шудааст ва вай имконияти дар мурофиа иштирок карданро надорад: "Аз миёнаҳои тафтишот сар карда, ягон калима сухан намегӯяд, қобилияти сухан кардан надорад, бо маводи парванда шинос нашудааст, дар ягон протоколҳои тафтишотӣ имзои худро нагузоштааст. Дар суд низ ҳоло ягон сухан намегӯяд, ба саволҳои раисикунанда ҷавоб дода наметавонад, аз ҷояш хеста наметавонад." Оқои Каримов афзуд, ки бо истифода аз ҳуқуқаш ба ҳайси вакили мудофиа аз раиси Додгоҳи Олӣ дархост кардааст, то барқарор шудани сиҳатии ҳимоятшавандаи ӯ ҷараёни мурофиаро мавқуф гузорад.
Назархудо Карамхудоев - додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфт, пас аз ворид кардани ислоҳот ба Қонуни ҷиноии кишвар ва қабули Қонун дар бораи ба таълиқ андохтани ҳукми эъдом аъзои ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар сурати тасдиқи ҷиноёт ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ хоҳанд шуд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG