Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хитоӣ меояд", СҶТ ва Тоҷикистон, тафоҳуми Душанбе ва Қоҳира


«Одаму Олам» бурду бохтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро дар сурати шомил шудан ба созмони ҷаҳонии тиҷорат таҳлил намуда аз чумла гуфтааст, ки узви ин созмон шудан дар баробари ҷиҳатҳои мусбӣ доштан, оқибатҳои манфӣ низ дорад. Ҷиҳати мусбаташ он аст, ки моли истеҳсоли Тоҷикистон бемамоният ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёбад. Вале оқибати манфияш он аст, ки дари бозорҳои дохилӣ ба рӯи ҳамин гуна молҳои истеҳсоли хориҷӣ боз мешавад ва корхонаҳои хурду соҳибкорон ва тоҷирони маҳаллӣ ба рақобати ҳамтоёни муқтадири худ тоб намеоранд. Яке аз оқибатҳои дигари манфии узви созмони ҷаҳонии тиҷорат гардидан, ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ ёфтани тоҷирони хориҷӣ номида шудааст.
«Рӯзи Нав» аз омадани тоҷирони чиноӣ изҳори нигаронӣ намудааст. Ба навиштаи ҳафтанома, омадани чиноиҳо фаъолияти ҳамон якчанд корхонаи саноатиро қатъ мекунонад ва боиси муфлисии соҳибкорон ва афзоиши теъдоди бекорону муҳоҷирон мегардад. Бо шунидани овозаи «хитоӣ меояд» нархи иҷораи хона аз имрӯз боло рафтааст ва ин ба зиёдшавии шумори бехонаҳо сабаб мешавад. Дигар дар ошхонаҳо низ хӯрок хӯрда намешавад, навиштааст муаллиф. Тибқи овозаҳо дар шаҳр аллакай ширкатҳои қурбоққапарварӣ низ ташкил шудаанд.
«Вечерний Душанбе» аз имзои як созишномае оид ба ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Миср хабар додааст. Аз ҷониби Тоҷикистон онро Одил Сангинов-муовини раиси палатаи тиҷоратию саноатии Тоҷикистон имзо кардааст. Мувофиқи як хабари «Рӯзи Нав» Одил Сангинов- ҳамчунин бо соҳибкорони рус вохӯрда масъалаи фурӯши меваҳои Тоҷикистон дар бозорхои Русияро мавриди баррасӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG