Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати вазорати энергетикаи Тоҷикистон дар Тошканд


Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов - вазири энергетикаи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати баландпоя ҷиҳати баррасии масъалаи вобаста ба транзити барқи Тоҷикистон аз тариқи шабакаи барқии Ӯзбакистон ба хориҷ, ки дучори бунбаст гаштааст, ба Тошканд рафт. Бо фарорасии гармо Тоҷикистон мехоҳад, ба кишварҳои ҳамсоя ба монанди Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва кишварҳои дигар барқ содир кунад, аммо то кунун Узбакистон ба ин иҷоза надодааст. Тавофуқ дар заминаи фурӯши 1 миллираду 400 миллион киловат нирӯи барқи Тоҷикистон ба Русия дар моҳи апрели соли равон ҳосил шуда буд. Ин миқдор нирӯи барқ ҳамасола дар фасли гармо, бояд аз Тоҷикистон ба ҷануби Русия интиқол шавад. Вале Узбакистон то ба ҳол дар мавриди интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон тавассути хутути барқи худ мувофиқат накардааст. Гуфта мешавад, дар тӯли як моҳи ахир бори дуввум аст, ки ҳайъати Тоҷикистон барои баррасии масъалаи мазкур ба Тошканд сафар мекунад.
Бар асоси ахбори бархе манобеъ, Қазоқистон дар мавриди интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистон ба Русия мувофиқат кардааст. Аммо ба гуфтаи мақомоти энержии Тоҷикистон як шарти ҷониби Узбакистон дар сурати интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон аз тариқи хутути барқии он кишвар ба Русия ин аст, ки ба чанд дарсади маҷмӯи умумии нирӯи барқи интиқолӣ соҳиб шавад. Гуфта мешавад, музокироти ҷониби Тоҷикистон ва Узбакистон ҷиҳати ҳалли ин масъала ҳамчунин бо ширкати намояндагони созмони иқтисодии Авруосиё, ки Тоҷикистон ва Русия аъзои он мебошанд, доир мешавад.
Мақомоти вазорати энержии Тоҷикистон гуфтаанд, умедворанд, музокироти ҷонибҳо дар Тошканд бо натиҷа анҷом шавад ва битавонанд, то охири моҳи июн интиқоли нерӯи барқ ба Русияро шурӯъ кунанд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG