Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офатзадагонро наҷот медиҳанд


Қарор аст, имрӯз, 12 июн тамриноти муштараки воҳидҳои наҷотбахши вазорати умури изтирорӣ ва ихтиёриёни Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор шавад. Дар ин тамринҳо, ки дар ноҳияи Ҳисор дар 25 километрии ғарби шаҳри Душанбе доир мешавад, ҳудуди чаҳорсад нафар ширкат хоҳад дошт. Муҳаммадвалишоҳ Махшулов сухангӯи Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо эълони ин хабар гуфт: "Ҳадафи аслӣ аз баргузории ин машқҳо барқарорсозӣ ё таъсиси сохторҳои ҷамиятӣ ҷиҳати омодагӣ барои муқобила бо офатҳои табиӣ ва коҳиши паёмади фоҷеаҳои табиӣ мебошад."
Дар озмоишҳо бар изофаи нирӯҳои вазорати фавқуллода ва Созмони Ҳилоли Аҳмар инчунин воҳидњои вазорати умури дохила ва хадамоти сухторнишонӣ низ ширкат ва омодагии худро барои саҳм гирифтан дар амалиёти наҷот дар авзоъи изтирорӣ ба намоиш хоҳанд гузошт. Гуфта мешавад, ин тамринҳо дар чаҳорчӯби барномаи таҳти унвони «Равиши ҳамоҳанг барои ташкили воҳидҳои муқовим дар баробари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» бо пуштибонии молии як дафтари кумакҳои башарии Иттиҳодияи Аврупо ва як созмони австриягӣ доир мешавад. Бино ба ахбори расмӣ, тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон вуқӯъи офатҳои табиӣ назар ба солиёни пешин зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла гуфта мешавад, дар тӯли соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ 9 ҳазор воҳиди маскунӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон хароб шуда ва дар панҷ моҳи соли равон низ 120 мавриди обхезӣ мушоҳида шудааст, ки хисороти фаровоне ба иқтисоди кишвар ворид кардааст. Ҳамчунин бар асри ҳодисаҳои табиӣ дар тули панҷ соли охир 261 нафар ҷони худро аз даст додааст. Ба гуфтаи мақомоти умури изтирорӣ ва Созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикисто, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳодисаҳои табиӣ зарурати такмили воҳидҳои муқобилакунанда бо офатҳо низ муҳимтар шудааст.
Раҳматкарими Давлат аз Душанбе
XS
SM
MD
LG