Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳранигорӣ: Дилшод Назаров


Гурзпартои тоҷик, қаҳрамони дукаратаи Осиё миёни наврасон Дилшод Назаровро бисёриҳо аллакай ба Андрей Абдувалиев - қахрамони олимпии Барселона дар партоби гурз баробар мекунанд. Ва маҳз хоҳиши мисли Андрей гардидан Дилшодро ба гуфти худаш ба олами варзиш ворид сохтааст. Дилшод ахиран дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Бишкек ва Алмаато гурзро мутаносибан ба масофаҳои 76 метру 30 сантиметр ва 76 метру 26 сантиметр ҳаво дода, меъёри муқаррарнамудаи олимпиро иҷро намуд. Дилшод мегӯяд, 76 м. 30 см. - ин рекорди шахсии ӯст. Рекордгузориро Дилшод ҳанӯз аз синни наврасӣ оғоз намудааст. Соли 2001 дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Бруней Дилшоди нуздаҳсола рекорди Осиёро гузошта буд. Вале ғалабаи нахустинашро Дилшод ҳанӯз дар 15-солагӣ, дар бозиҳои Осиёи Ғарбӣ миёни наврасон дар Теҳрон ба даст оварда буд. Бар иловаи мусобиқоти гуногуни сершумор, Дилшод дар ҳафт мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва ду мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ширкат карда, ду бор ба унвони қаҳрамони Осиё миёни наврасон ноил гаштааст. Теъдоди унвонҳои ғолиби мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва қаҳрамони Тоҷикистонро бошад, аллакай худаш низ ба зудӣ ба хотир оварда наметавонад. Дар мавриди рекорди Тоҷикистон дар гурзпартоӣ, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз тарафи Андрей Абдувалиев гузошта шуда буд ва он айни ҳол беҳтарин натиҷаи партоби гурз дар Осиё маҳсуб мегардад, Дилшод мегӯяд, ин рекорд то хеле вақт боқӣ хоҳад монд. Зеро бо партоби гурз ба масофаи 84 метр қаҳрамони олимпӣ шудан мумкин аст. Вале Дилшод умедро аз даст надода талош дорад, дар Афина гурзро ба масофаи бештар аз 80 метр ҳавола диҳад. Дилшод мегӯяд: «Албатта мехоҳам, ки натиҷаи хубе нишон диҳам, аммо ин варзиш аст ва дар варзиш маъмулан чизеро пешгӯӣ намудан имконнопазир аст. Барои пирӯзӣ дар олимпиада омилҳои зиёде таъсир мерасонанд. Аз ҷумла, омодагии ҳам равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ. Агар вазъи моддии варзишгар хуб набошад, у ҳеҷ гоҳ наметавонад, ба натиҷаи хубе ноил шавад» Дар мавриди вазъи имрӯзаи варзиш дар Тоҷикистон Дилшод чунин андеша дорад: «Айни ҳол вазъ бад аст ва ба варзиш таваҷҷӯҳи лозима дода намешавад.»
Дилшод 22 сол дорад. Оиладор ва соҳиби як фарзанд аст. Далери дусола низ ба мисли падараш тануманд ба назар мерасад. Вазни худи Дилшод 115 кило ва дарозии қадаш як метру 87 сантиметр аст. Бештар асарҳои детективиро меписандад: «Ман бештар барои истироҳат аз машқ ва тадриб китоб мутолиа мекунам. Китобхониро бисёр дӯст медорам. Тамошои филмҳои ваҳшатангезу ҳар гуна филми ба истилоҳ «баевик»-ҳоро намеписандам. Мусиқии классикиро дӯст медорам. Бетховен гӯш мекунам, Бах. Ин гуна мусиқӣ асабҳоро ором мекунад.»
Дилшод гуфт, орзуи волотарини ҳар як варзишгар, аз ҷумла худи ӯ дидани медали тиллои олимпиада дар гарданаш мебошад. Ва шунидани гимни кишвараш, ки ба ифтихори пирӯзии варзишгар навохта хоҳад шуд. Барои ҷомаи амал пӯшидани ин орзу, мегӯяд Дилшод, варзишгар аз ҷумла ба мухлисон ниёз дорад, ба дастгирии эшон, ба мухлисии самимонаашон.
XS
SM
MD
LG